Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Ҷўй азиз гардид бо оби равон,
Шуд вайрона азиз бо ганҷу кон.
Маҷнун аз ишқи пок машҳур гашт,
Сарв шуд аз ростӣ вирди забон.
Сар ба сар аҷсоми дунё панд бувад,
Ҳар, ки ин донад раҳо аз банд бувад.
Ҳар ки пайрав шуд ба ин аҷсомҳо,
Пўхта гардандаш тамоми хомҳо.
Майи соли 1994
Роҳгумкарда
Осмон пурабр ҳамчун қалби ман,
Кай шавад осон кори саъби ман?
Кай зи чоҳи номуродӣ мераҳам?
Кай шавад иқболу шодӣ ҳамраҳам?
Хатти килки сарнавиштамро қазо,
Баркашид бе мистару шебу сиёҳ.
З-ин сабаб дар кучаҳои зиндагӣ,
Гаштаам овораю ҳолам табоҳ.
Мондаам дар чорсуи зиндагӣ,
Зору ҳайроневу роҳгумкардае.
Дорам умед аз Худои хештан,
То ки бинмояд роҳи гумкардае,
Гашта бар ағёру дўст ангуштнамо.
Бар рухам оби хиҷолат дар ҷило,
Ҳеҷ махлуқе аз ин қайди бало,
Кай маро бахшад раҳоӣ ҷуз Худо.
Майи соли 1995
Сабр Аз сабурӣ ғура ҳалво мешавад, Орзуи дил муҳаё мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё