Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Доғ
Лоласон дорам ба зоҳир хандае,
Лек ҳамчу лола доғе бар дилам.
Мекушад охир маро ин доғи дил,
Чункӣ аз беэътиборӣ ғофилам,
Гар бубинам одаме якрўяе,
Лек ду рўй бошадаш дар байни халқ.
Гар бубинам одами якдилае,
Лек чанд дил бошадаш андар рамақ.
Доғ бар дил машавам ман лоласон,
Доғ бар дил мешавад доғи касон.
Гар бубинам ноҳақеро бар ҳақе,
Мешавад пирўз ман ғам мехурам.
Гар бубинам ман набарди ақлу ҷаҳл,
Ҷаҳл пирўз гар шавад ғам мехўрам.
Гар бубинам хору зор фарзонаро,
Гар бубинам қадру ҷоҳ девонаро,
Гар бубинам шамъи бепарвонаро.
Гар бубинам бечароғ кошонаро,
Доғ бар дил мешавам ман лоласон.
Доғ бар дил мешавад доғи касон,
Майи соли 1996
Дунёи ибрат
Шаъм шуд боэътибор аз сўхтан,
Сузан аз чоки парешон дўхтан.
Хома аз илму амалро гуфтан,
Оташ аз гармию аз хом пухтан.
Дона шуд аз хоксориҳо бузург,
Офтоб аз нурбориҳо бузург.
Куҳ шуд аз бурдбориҳо бузург,
Модарон аз ғамгусориҳо бузург.

пешина
аз 75
навбатӣ