Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Навбате азми шикори чилрӯза намудам, амр кардам, то ки миршикорон бозу шохину шунқору қарчигаю чарг, турумтою тула ва този тайёр кунанд. Чарга ба вақти муайян ҷамъ шуданд ва мо ба соати хуб ба саҳро рафтем. Рӯзе, ки ба азми шикор савор шудам, амирзодагон ва ғозиён ба сайру шикор ва ба сайдафганӣ машғул шуданд ва худ савор шуда бар баландие истода тамошо мекардам, ки нигоҳ дар миёни чарга оҳу ба назарам даромад, ки забон аз таърифи ӯ қосир (кӯтоҳ) аст. Он оҳу кулодаи (гарданбанди) мурассаъ дар гардан, ҷалочили1 тиллоӣ дар даст дошт, шоҳҳои ӯ ба тилло бор гирифта ва донаҳои қиматӣ мурассаъ карда шуда буд. Он ғизоли аҷоиб ба хилофи ваҳшиёни дигар ба осудагӣ дар ҳар тараф дар ҷавлон буд, сайркунон мехиромид, аз одамон намерамид. Ман хостам, ки онро зинда гирам. Ғофил аз он, ки вай доми балост. Ба гирифтани ӯ амр кардам. Диловарон камандҳоро ба сари даст гирифта ба сӯйи ӯ тохтанд. Чанд каманд якбора ба қасди гирифтани ӯ андохтанд. Аз қазо ҳеҷ каманд дуруст наафтод ва он ғизол аз онҳо ҷудо шуда ба тарафи ман рӯ кард. Ман низ ба ӯ каманд андохтам. Оҳу аз ман ҳам гурезон шуд ва ба тарафи биёбон чун об равон шуд. Гуфтам:
— Касеро ба ӯ коре набошад, худ ба гирифтани ӯ меравам. Касе аз пайи ман наояд, ки оҳу аз издиҳом рам менамояд...

Ман, каманд дар бозу, аз дунболи оҳу дар такопӯ даромадам. Он роҳнамои ваҳшиҳӯ ҳамин ки маро дур медид, ба чаро машғул мегардид, чун наздик мешудам ва каманд меандохтам, аз пеши ман бадар мерафт. Аз чоштгоҳ то ба қарибии фурӯрафтии офтоб аз пайи ӯ дашту кӯҳ мепаймудам. То он ки аспам аз рафтор монд ва худам ҳам бетоб шудам, қаҳрам омад. Камандро ба дур партофта камонро гирифтам ва тири уқобпареро ба зеҳи камон пайвастам ва ҷилларо ба он фитнаҷӯ рост карда, гӯш то ба гӯш кашидам ва ба ҷониби ӯ шаст кушодам. Он тир ба ёрии қоиди2 тақриб ба рони оҳу та-

_________________ 1 Чалочил — 1) халқачаҳо, ки барои садобарорӣ ба гардиши доира парчин мекунанд; 2) зангӯлачаҳо, ки дар гарданбанд ва ё пойбанди одамон ва ҳайвонот қатор мебанданд.
2 Қоид — дар нусхаи аслӣ ин калима хато шуда, ба шакли «қоида» навишта шудааст, ки дар ин ҷо ҳеҷ маъْنӣ надорад. Чунки «тақдир» қоида надорад ва одатан ҳамаи чизҳои «беқоида»-ро ба тақдир ҳамл мекунанд.

пешина
аз 191
навбатӣ