Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
розу шуд (расид) ва такутоз бозмонд ва кӯхи рафине (баланде) дар он наздикӣ буд, ки бад-он сӯ рӯ намуд, ҳамин ки қадаре лангон-лангон роҳ паймуд, аз назар нопадид гардид.
Бо худ гуфтам: «Албатта аз по даромада бошад...» Пиёда шуда ба ҷустуҷӯи ӯ машғул гардидам. Бисёр ҷуста ӯро наёфтам. Шаб омад ва наздик шуд, ки ҷаҳон торик шавад. Нигоҳ кардам, дар камари кӯҳ гунбаде ва чанд дарахте дидам. Равон ба он сӯ шудам, ба азми он ки шабро ба он макон рӯз оварам. Чун наздик расидам, чашмай обе дидам, ки ёд аз зулоли Хизр медод. Бар канори он чашма нишастам, дастурӯ шустам ва ба фикру хаёл ғарқ шудам. Ногоҳ овози касеро аз даруни гунбад шунидам, ки бо дилсӯзии тамом мегуфт:
– Э рафиқи ҳамдам ва э аниси1 дили пургам. Оё кадом золим ин зулм бар ту раво дида ва андешае накарда, ки баҳра аз рафиқон ва мусоҳибон набинад ва ба зудӣ ба рӯзи мани зорӣ ҳазин нишинад...
Ин суханҳоро шунида дилам сӯхт, қадам ба дарун гузоштам: дидам, марди мӯсафеде нишаста ва оҳуро дар оғӯш кашида мебӯсид, мегирист. Либоси он марди соҳибдард монанди либоси руҳбонон2 саропо сиёҳ буд. Ба он мард салом додаму ҷавоб гирифтам. Хост барои истиқболи ман аз ҷо хезад, ман узр хоста зуд нишастам ва гуфтам:
– Э марди аҳли дард. Ин хато аз ман сар зада, аммо дар ҳолате ки аз худ бехабар будам. Боре гуноҳи маро умеди авф ҳаст?
Он мард гуфт:
– Эй ҷавон! Худо гуноҳони ту ва ҳамаи бандагонро авф кунад.
Дарвешон! Ба рафоқати пир тирро аз ҷасади оҳу баровардем ва ҷароҳаташро бастем... баъд аз он ба сӯҳбат нишастем. Он мард таоме, ки дошт, ҳозир кард, баъд аз таом хоб бар ман ғалаба кард, ба девор такя намуда, ба роҳат ғунудам (хоб кардам).
Бинобар ин дурустии ин калима «қоид» аст, ки дар асли луғат «асокаш» гуфтан аст. Аммо дар адабиёт бо маънои лашкаркаш ва умуман ба маънои роҳнамо меояд. (Аз муҳаррир).
1 Анис – ҳамнишини дилхоҳ, ҳамнишини улфатгирифта, унсгирифта.
2 Руҳбон – зоҳид ва гӯшанишини дини христианӣ ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё