Рӯбоҳ ва асп (Бародарон Гримм)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳои тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад. Дар он сагу гурба ва ҳайвоноти дигар пандҳои зиндагӣ ва ахлоқиро меомӯзонанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 9 саҳифа
Гирифт. Дар роҳ ба марди камбағале дучор омад. Он мард гуфт:
— Ман хеле гушнаям, ягон чиз деҳ, ки бихӯрам.
Духтарак ба он мард пораи нонашро доду гуфт:
— Ош шавад. — Ва роҳашро идома дод.
Дар роҳ кӯдакеро дид, ки гиря мекунад.
— Сарам хунук меӯрад. Ягон чиз деҳ, ки ба сарам пӯшам, — гуфт кӯдак.
Духтарак кулоҳашро кашида ба писарак дод. Каме роҳ рафта буд, ки писараки дигареро дид. Вай тамоман барахна буду аз хунукӣ меларзид. Духтарак ба ӯ куртаашро дод. Баъд духтарҷае дучор омаду хоҳиш кард, ки доманашро (юбкачаашро) диҳад. Духтарак дод. Ниҳоят, ба ҷангал расид, ки ҳаво торик шуд. Боз як кӯдак пайдо шуду хоҳиш кард, ки духтарак зерпироҳанашро диҳад. Духтараки раҳмдил фикр кард: “Шаб торик аст, маро ҳеҷ кас намебинад”. Ва куртаи тагашро низ дод.
Ҳамин тавр истода буду дигар ҳеҷ чиз надошт. Ва ногаҳон аз осмон ба сари духтарак ситора борид. Онҳо на ситора, балки тангаҳои нави дурахшон буданд. Дар тани духтарак либосҳои нави зебо пайдо шуданд. Вай тангаҳоро чида гирифт ва тамоми умр хушбахтона зиндагӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё