Зеҳн
Рӯбоҳ ва асп (Бародарон Гримм)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳои тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад. Дар он сагу гурба ва ҳайвоноти дигар пандҳои зиндагӣ ва ахлоқиро меомӯзонанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 9 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯбоҳ аспро ба думи шер бандад. Вале рӯбоҳ бо думи асп пойҳои шерро маҳкам баст ва ба асп гуфт:
— Канӣ, хез, аспак, шерро кашола кун!
Асп бархосту шерро кашола карда бурд. Шер чунон наъра мекашид, ки ҳамаи паррандаҳои ҷангал ба ҳаво бархостанд, чаррандаҳо ба даҳшат афтоданд. Вале асп парвое надошту шерро ба сӯи хонаи хӯҷаинаш мекашид.
Баъд хӯҷаин ин ҳолро диду ба асп гуфт:
— Ту акнун метавонӣ ба хонаи ман биёӣ ва осуда, серу пур зиндагӣ кунӣ.
Ҳамин тавр, то охири умраш хӯҷаин аспро нигоҳубин мекарду хӯроки хуб медод.

ТАНГАҲОИ ОСМОНӢ

Буд-набуд духтараки хурдакаке буд.
Падару модари ӯ мурда буданд. Ин духтарак чунон бечора буд, ки манзиле барои зиндагӣ, бистаре барои хобидан надошт. Чизе, ки дошт ҳамин куртаи танаш ва пораи ноне дар дасташ буд.
Ин духтарак бисёр меҳрубон ва хоксор буд. Азбаски духтарак ҳеҷ кас надошту яккаю танҳо буд, роҳи саҳроро пеш

пешина
аз 9
навбатӣ