Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Зим шавад, бо донишу маслиҳатҳои оқилонаи худ сабабгори ҳаллу фасли мушкилтарин масъалаҳои зиндагӣ низ шуда метавонад. Масалан, нақл мекунанд, ки замоне як кампири ҷодугар бо мақсади шармсор кардани Ҳазрати Сулаймон ба назди зани ӯ Билқис омада гуфтааст:
— Эй маликаи хубон ва олиҳаи замон! Ман назди шумо бо як маслиҳате омадам. Агар шумо раво донед, онро ин ҷо арз намоям.
— Арз кунед, — гуфтааст зани Ҳазрати Сулаймон. Кампири ҷодугар гуфтааст:
— Маслиҳат ҳамин, ки шумо зани Ҳазрати Сулаймони пайғамбар ҳастед ва дар назди занҳои дигар обрӯю эътибори зиёде доред. Бинобар ин шумо бояд дар хонае зиндагонӣ кунед, ки мислаш дар дунё набушад.
— Хонае, ки шумо мегӯед, чӣ хонае аст ва онро чӣ хел ва аз чӣ месозанд? — пурсидааст Билқис.
— Он хона хонаи бошукӯҳе аст, ки қасрро мемонад ва онро аз устухони парандаҳо месозанд. Сохтани ин гуна хона барои шавҳари шумо кори душвор нест. Шумо устухонҳоро тайёр кунед, чӣ хел сохтани хонаро ман баъд мегӯям.
Пас аз ин кампири ҷодугар бо Билқис паноҳихудо карда, аз дарвозаи ҳавлӣ берун рафтааст. Бегоҳии ҳамон рӯз Сулаймони пайғамбар аз кор баргашта, дидааст, ки занаш дар як кунҷи хона нишаста, ашк мерезад. Ӯ сабаби гиряро пурсидааст. Зан гуфтааст:
— Ман дигар дар ин хонаи тангу торик зиндагӣ намекунам. Ба ман як хонае созед, ки назираш дар дунё набошад.
— Он чӣ сон хона будааст? — пурсидааст Ҳазрати Сулаймон.
— Он хонае аст, ки аз устухони парандаҳо сохта мешавад, — ҷавоб додааст зан.
Ҳазрати Сулаймон хоҳиши занашро қабул кардааст ва фармон додааст, ки ҳамаи парандаҳо дар назди пайғамбарашон ҷамъ шаванд. Фармонро ба ғайр аз чуғз дигар ҳамаи парандаҳо дар вақту замонаш ба иҷро расони-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё