Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

даанд. Ду дафъа ду парандаро ба назди ҷуғз фиристодаанд, то онро дар назди Ҳазрати Сулаймон ҳозир кунанд. Аммо ду дафъа ҳам ҷуғз аз ҳозир шудан саркашӣ кардааст. Дафъаи сеюм ба назди ҷуғз бошаро фиристодаанд ва боша дар иҷрои ин вазифа комёб гардидааст. Ҳазрати Сулаймон аз ҷуғз пурсидааст:

— Сабаб чӣ буд, ки аз иҷрои фармони ман саркашӣ кардӣ?

— Кор доштам, барои ҳамин ба хизмати шумо натавонистам оям, — ҷавоб додааст ҷуғз ба Сулаймон.

— Чӣ кор доштӣ? — пурсидааст Ҳазрати Сулаймон. Ҷуғз дар посух гуфтааст:

— Ҳисоб мекардам, ки дар дунё мурда бисёр аст ё зинда.

— Ин ҳисоб маълум аст — ку? Дар дунё албатта зиндаҳо бисёранд, — гуфтааст Ҳазрати Сулаймон.

— Не, баръакс мурдаҳо бисёранд, — ҷавоб додааст ҷуғз.

— Чаро? — пурсидааст Ҳазрати Сулаймон. Ҷуғз гуфтааст:

— Чунки онҳое, ки то чоштгоҳ хоб мекунанд, низ дар ҳисоби мурдаҳо мебошанд.

Ба пайғамбар ин ҷавоб писанд омадааст. Ӯ гуфтааст:

— Барои ҳамин кор ин қадар дер кардӣ?

— Не, ҳисоби дигаре низ доштам.

Ҳазрати Сулаймон пурсидааст: — Чиро ҳисоб мекардӣ? Ҷуғз гуфтааст:

— Ҳисоб мекардам, ки дар ин дунё зан бисёр аст ё мард.

— Ин ҳисоб маълум аст, — гуфтааст Ҳазрати Сулаймон, — чунки зану мард ҷуфт-ҷуфт таваллуд мешаванд, онҳо миқдоран бояд баробар бошанд, — гуфтааст Ҳазрати Сулаймон.

— Не, ин тавр не, — гуфтааст ҷуғз.

— Чаро не? — пурсидааст пайғамбар.

— Ба ин савол, — гуфтааст ҷуғз, — агар аз як қошуқ хунам гузаред, баъд ҷавоб мегӯям.

Ҳазрати Сулаймон розӣ шудааст ва ҷуғз гуфтааст:

пешина
аз 125
навбатӣ