Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Парандаҳо тафтиш карда, мефаҳманд, ки дар байнишон бум нест. Онҳо бумро аз хонааш ба назди Ҳазрати Сулаймон гирифта меоранд. Ҳазрати Сулаймон бумро мепурсад:
— Ту бадбахти шумқадами ҷавонмарг чаро ҷоятро дар байни ёру ҷӯраҳоят холӣ гузошта рафтӣ, ки ин боиси сӯхтану догдор шудани пӯсти рӯи занам гардидааст?
Бум ҷавоб медиҳад, ки:
— Ман ҳам монандӣ дигар ёру ҷӯраҳоям гуфтаҳоятонро бо ҷону дил иҷро мекардам ва кӯшидам, ки ба боварии шумо сазовор бошам. Вале ҳангоми сайругашт қалби маро як чиз озурда сохт, хотирамро ноорому парешон кард: вақте ки мо ба боғе расидем, он ҷо Ҳазрати Юсуф сайругашт мекард. Зани шумо Ҳазрати Юсуфро дар боғ дида, ба ҳусну ҷамоли ӯ мафтун шуд ва гуфт: «Қирои ҳамин қадар давр зада гаштану сайҳат кардан кас монандӣ Юсуф шавҳар дошта бошад!» Ман ин сухани ӯро шунида: «Аз зан ҳамин хел гап мебарояд-дия» гуфтаму ҷой ва ёру ҷӯраҳоямро партофтаму рафтам, акнун чи коре, ки мекунед, ихтиёратон.
Афсус, акнун дуо рафт, — мегӯяд Ҳазрати Сулаймон, дуоро дигар наметавон бозгирифт! Худо ба наслат барака диҳаду умратро аз як сол зиёд накунад!
Мегӯянд, ки гӯё дуои Ҳазрати Сулаймон мустаҷоб шудааст, барои ҳамин ҳам бум фақат як сол умр медидааст.
Ҷуғз4
Мегӯянд, ки ҷуғд парандаи бисёр доно аст, вай тамоми сирру асрори оламу одамизодро медонад ва агар ло-
4 Ҷуғз, чуғд — парандаест вайронанишин ва харобадӯст, ки аз бадхосияти гӯё ҳар ҷо бинишнад, он ҷо хароб шавад. Дар адабиёти классикӣ ба ҳамин маъно фаровон истифода шудааст:
Мурғи беболу харе дидам дилам омад ба ёд
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд
(Сайидо)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё