Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Мегӯянд, ки аз ҳамон вақт то имрӯз чилманкуштак дарахти «на росту на қаҷ»-ро ҷустуҷӯ мекунад.
Чаро бум фақат як сол умр мебинад?
Ҳазрати Сулаймони пайғамбар занаш Билқисро бисёр дӯст медошт ва барои нишон додани садоқати худ аз иҷрои ҳар коре, ки аз дасташ меомад, рӯ намегардонид. Рӯзе вай тамоми парандагонро назди худ хоста, мефармояд, ки онҳо Билқисро дар китфашон бардошта, ин тарафу он тарафро тамошо диҳанд ва тавре кунанд, ки пӯсти рӯяш аз гармии нури офтоб сӯхта, доғдор нашавад.
Фармони Ҳазрати Сулаймон пазируфта мешавад: парандагони калону пурқувват Билқисро бо навбат ба китфашон бардошта, ҳар ҷоеро, ки дилаш хоҳад, тамошо медиҳанд, парандагони майдаю камқувват бошанд, болои сари ӯро бо болҳои худ соя карда, пӯсти рӯяшро аз гармии сӯзони нури офтоб муҳофизат менамоянд. Онҳо Билқисро давр занондаю тамошо дода, ба боғе мераванд, ки дар он ҷо Ҳазрати Юсуф сайругашт мекард. Ҳазрати Юсуф, ки ҷавони бисёр нозанину зебо буд, ба Билқис писанд меояд ва Билқис як оҳе мекашаду мегӯяд: – «Кирои ҳамин қадар давр зада гаштану саёҳат кардан кас монандӣ Юсуф шавҳар дошта бошад!» Бум ин гапи Билқисро мешунавад ва «аз зан ҳамин хел гап мебарояд-дия» мегӯяду қаҳр карда, аз сафи ёрӯ дӯстони худ баромада меравад ва ҷояш дар қатори дигар парандагони хурд холӣ мемонад.
Рӯз бегоҳ мешавад. Парандагон Билқисро баъди саёҳати якрӯза назди шавҳараш Сулаймон гирифта меоянд. Ҳазрати Сулаймон мебинад, ки як ҷои пӯсти рӯи занашро офтоб бардошта,3 доғдор кардааст, мегӯяд:
– Кадом бадбахти шумқадам дар ҷои худ набуд, ки пӯсти рӯи занамро офтоб сӯзонида, доғдор кардааст?
3 Офтоб бардоштан – ба маънои аз нури офтоб сӯхтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё