Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, товус дар назди хурӯс паймоншиканӣ кард ва аз он замон то ба имрӯз хурӯси бечора ҳар рӯз дар се маҳал — бомдод, пешин ва шом товусро фарёд мекунад, то ки ҷомаи зебои хешро баргардонад.

Чилманкуштак 1

Як вақтҳо тамоми парандаҳо ҷамъ шуда, хостаанд, ки ба худашон сардор интихоб кунанд. Бо ин мақсад маҷлис оростаанд ва машварат кардаанд, ки аз байнашон кадом паранда ба онҳо сардор шуда метавонад. Яке ба ин вазифа уқобро, дигаре бошаро ва сеюми зогро пешниҳод кардааст. Ҳамин тавр надонистаанд, ки кадоме аз парандаҳоро сардор таъйин кунанд. Баъд маслиҳат кардаанд, ки ҳамаи парандаҳо ба ҳамдигар пойга² кунанд ва дар ин мусобиқа кадом паранда ғолиб барояд, ҳамон сардор мешавад. Пойга шурӯъ шудааст. Аз ҳама пеш ба марра чилманкуштак расида, дар мусобиқа ғолиб баромадааст, баъд аз чилманкуштак ҷои дуюмро боша гирифтааст. Парандаҳо дидаанд, ки чилманкуштак аз ҳамаи парандаҳо хурд аст ва зӯраш ҳам ба дигар парандаҳо намерасад. Бинобар ин, парандаҳо роҳи фиребро пеш гирифтаанд: онҳо ба чилманкуштак гуфтаанд: «Агар ягон дарахти на росту на каҷро тавонӣ пайдо кунӣ, он вақт ту сардор мешавӣ». Чилманкуштак шартро қабул карда, ба ҷустуҷӯи дарахти «на росту на каҷ» роҳ пеш гирифтааст. Баъди рафтани чилманкуштак парандаҳо бошаро ба худ сардор таъйин кардаанд.

1 Чилманкуштак — аз ҷумлаи хурдтарин парандаҳо аст, ки онро дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон бо номи чинкарча низ ёд мекунанд. Номи дигари ин паранда Чилмангӯштак аст; яъне баракси вазну андозаи аслӣ, ки хеле хурдҷуссаи камгӯшт аст, онро «чил ман гӯшт дорад» гуфтаанд.
2 Пойга — мусобиқаи байни ҳайвонот дар боби давидан, яъне дар ин мусобиқа кадом ҳайвон ба марра пеш бирасад, ғолиби мусобиқа дониста мешавад.

пешина
аз 125
навбатӣ