Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Ситораи Корвонкуш

Ҳамаи ситораҳо ном доранд ва якеро Корвонкуш гуфтаанд, ки ин нақле дорад.

Корвоне ба сафар баромада буд. Дар оғози шаб ба манзиле расиду бозистод. Шаб хатар дошт, роҳзанҳо аз торикӣ истифода бурда, ба корвонҳо дарафтода, одамонро мекуштанду молашонро ба яғмо мебурданд.

Корвон ба хоб рафт. Як замон сарвари корвон бедор шуда, дар домани осмон ситораи дурахшонеро дид. Ситораи пурнуру равшанро дида, саросема корвонро бедор кард:

— Хезед, зудтар хезед, ки ситораи рӯз баромадааст! Зудтар ба роҳ бароем, зудтар ба ҷое мерасем.

Корвон хест, бор бастанду ба роҳ баромаданд. Мерафтанду мерафтанд, лекин ҳеҷ не, ки рӯз шавад.

Ногоҳ аз қаъри торикӣ дастаи роҳзанҳо берун омаду ба корвон дарафтод, раҳме надошт он, мекушту мерабуд. Нобуд шуд корвон, ба ғорат рафт моли он.

Ҳамин аст сабаби номи Корвонкушро гирифтани яке аз ситораҳое, ки дар аввали шаб мебарояд ва аз ситораҳои дигар равшантар метобад.

Кӯдак ва ситораи ӯ

Мегӯянд, ҳар гоҳе, ки кӯдаке аз шиками модар ба дунё меояд, ҳамзамон ба қудрати Худованд дар осмон як ситораи нав низ пайдо мешавад. Ин ситора аз ҳамон кӯдаки навзод ҳисоб мешудааст ва то охири умри соҳибаш дар осмон дурахшон будааст. Баробари аз дунё рафтани соҳибаш он ситора ҳам аз осмон меафтидааст.

Боз мегӯянд, ки ситораҳое, ки дар осмон бисёр дурахшандагии чашмгире доранд, азони одамони неку пок ва дӯстдорони Худованд мебошанд.

пешина
аз 125
навбатӣ