Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

ДАР БОРАИ НАБОТОТ, МЕВАҲО
ВА РАСТАНИҲО

Хосияти оби ангур

Ҳазрати Нӯҳ тухми тамоми анвои меваро ёфта, ба замин мекорад, фақат тухми ангурро пайдо карда наметавонад. Эълон мекунад, ки ҳар кас тухми ангурро дошта бошад, ба ӯ бидиҳад. Иблис эълонро шунида ба Ҳазрати Нӯҳ мегӯяд:
— Тухми ангурро ман дорам, аммо онро бо як шарт ба ту медиҳам. Ҳазрати Нӯҳ мепурсад:
— Чӣ шарт дорӣ?
Иблис мегӯяд:
— Шарти ман ин аст: тухми ангурро, ки ба замин коридӣ, аз он ниҳоли ток сабз мешавад, ниҳол, ки сабз шуд, ба он як бор ту об медиҳию се бор ман!

Ҳазрати Нӯҳ шартро қабул мекунад. Вай тухми ангурро аз Иблис гирифта, ба замин мекорад, аз он ниҳоли ток сабз мешавад ва Ҳазрати Нӯҳ оби аввалинро ба ниҳоли ток худаш медиҳад.

Навбати обдиҳӣ ба Иблис мерасад. Иблис бори нахуст ба ниҳоли ток аз хуни рӯбоҳ, бори дуюм аз хуни шер ва бори сеюм аз хуни хук об медиҳад. Ток калон шуда, ба ҳосил медарояд.

Мегӯянд, ки ширинии ангур аз оби Ҳазрати Нӯҳ асту
хосияти масту мадҳушкунандагӣ, як қисм одамонро чун
рӯбоҳ буздилу тарсо ва лаққию пургӯ кардан, қисми ди-

пешина
аз 125
навбатӣ