Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Худованд салоҳи кор ҷуст ва он ду зебои арбадаҷӯйро аз ҳам дур афканд, ки яке ба қаламрави рӯз уфтоду дигаре ба кишвари шаб.

Ситораи Зӯҳра

Зеботарин ва пурнуртарин ситораи осмон Зӯҳра ном дорад. Ин ситора дар асл одам буд, духтаре буд нозанин, душвор буд кандани чашм аз рӯи гулгунаш, он ки як бор медид, сад бори дигар бинам, — мегуфт.

Як рӯз ҳокими шаҳр барои дугонаҳои духтараш тӯй оросту Зӯҳра ҳам ба тӯй даъват шуд. Ҳоким ӯро диду девона шуд: аҷаб ҳусну ҷамоле дошт духтар, ба хироҷи ҳафт мамлакат меарзид. Ҳоким сабру қарор аз даст доду вақти гусел Зӯҳраро боздошта гуфт:
— Насиби ман будай, эй духтари зебо! Агар ба ман нарасӣ, коре мекунам, ки расвои олам мешавӣ!
— Ман на ба ту, марди ҳаромхиштак14 расидан мехоҳам ва на расвои олам шудан, — гуфт духтар.
— Илоҷ надорӣ! — гуфт ҳокими шаҳр. — Не нагӯ, аз сарат тилло мерезам, ғуломат мешававам, ба рӯи дастам бардошта мегардам!

Духтар дид, ки илоҷи халосӣ нест, ба осмон рӯ оварда, гуфт:
— Эй осмони баланд, эй паноҳгоҳи ситорагони олам, илтиҷо мекунам, маро ба оғушат гиру аз дасти ин пирмарди худобехабар халос кун, ки тоқати дидани рӯи зишти ӯро надорам.

Осмон садои духтарро шуниду ҷунбид ва духтарро сӯи худ боло бурд. Духтар ба осмон расиду ситора шуд, ситораи пурнуре, ки дар қаъри осмон медурахшаду Зӯҳра ном дорад. Зӯҳра ҳамон духтари нозанин аст, ки як замон дар рӯи замин зиндагӣ мекард.

14 Ҳаромхиштак – фосиқ.

пешина
аз 125
навбатӣ