Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Офтоб ин таънаро шунида, бори дигар ва ин дафъа аз пештара зиёдтар шӯъла пошиду гуфт:
— Эй моҳтоб, ту худбин ҳастиву айбҷӯ...
Моҳтоб сухани офтобро бурида гуфт:
— Ман айбе надорам, рӯям мисли шир тоза асту беғубор, ту ба ман рашку ҳасад мебарӣ, маро чашми дидан надорӣ!
Аз ин суханон ғазаби офтоб омад, ӯ чанг ба рӯи моҳтоб заду бо нохунҳои тезу оташбораш он рӯи тозаро харошида, хуншор кард. Моҳтоб дар ҷавоб як каф сӯзани пӯлодиро гирифту ба рӯи офтоб пошид.
Барои ҳамин ҳам рӯи моҳтоб догдор асту рӯи офтоб биҷиррас мезанад. Аз ҳамон вақт онҳо аз ҳамдигар рӯ пинҳон мекунанду яке рӯз намоён мешаваду дигаре шаб.
Чанги Офтоб ва Моҳтоб
Офтобу Моҳтоб, ки рамзи рӯшноию зебоӣ ҳастанд, дар ибтидо ҳамзисту ҳамсӯҳбати қарин будаанд. Ҳамаи олам шайдову шефтаи ин ду хоҳари нурпайкару нурзод буд. Ҳам моҳу ҳам офтоб дар дил орзу мекарданд, ки зебою якто танҳо худашон бошанд. Ва ҳар яке ба ҳусни дигаре бо ҳасад менигарист. Оқибат рӯзе фаро расид, ки ин тухми душманӣ дар синаҳо нагунҷид ва хусумат рӯ зад. Баҳси офтобу моҳтоб дар аввал бас тамошобоб буд, яке ба дигаре киноя мезад, бартарии хешро ишора мекард, вале рафта-рафта ҷаҳл омаду ақл гурехт ва часпочаспаке воз гардид, ки амсолашро шумо дар арбадаи ду авсун ва ҳамсоязанҳои девордармиён дида метавонед.
Хулоса, офтоб ба рӯи моҳтоб чанг заду боиси догдор гардидани рӯяш шуд. Аз ин амал моҳтоб сахт барошуфт ва аз қуттии дарздӯзиаш қабзае сӯзан гирифту ба рӯи рақибаш ҳаво дод, то барои ҳамеша чашмони офтоб кӯр гардад. Ин аст, ки ошиқони офтоб дигар ба ӯ чашм ба чашм назар карда наметавонанд, зеро шуояш сӯзанвор дидагонро меозорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё