Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
— Илоҳо чокак шавию дар орзуи об «чок-чок» гуфта гардӣ.
Аз ҳамон вақт ин ҷониб чокак ба шохи дарахт овезон шуда, «чок-чок» гуфта мегаштааст ва ҳар боре, ки «чок» мегуфтааст, аз даҳонаш як қатра хун мечакидааст.
Гаҳвораҷунбонак
Гаҳвораҷунбонак як вақтҳо одам будааст ва дар осмон зиндагонӣ мекардааст. Хостааст, ки ба замин фарояду, умри боқимондаашро дар замин гузаронад. Вай ҳангоми аз осмон ба замин фаромаданаш дар ними роҳ ният кардааст: «Агар ба замин фароям, тухми одамизодро нест мекунам». Ин хабарро ба парвардигор расонидаанд. Аз шунидани ин хабар парвардигор қаҳр карда, гуфтааст:
— Ин тавр бошад, ба як хаси ҷондори чорпо табдил ёбаду ҳаргиз аз гаҳвораҷунбонии одамизод халос нашавад.
Бо ҳамин дуо ҳамон вақт ба замин як хаси ҷондори чорпо шуда афтидааст. Агар касе гӯяд, ки «гаҳвораҷунбонак гаҳвората ҷунбон», худаша меҷунбонидааст.
Алашаққақа 12
Кофирҳо мехостанд, ки ҳазрати Муҳаммади пайғамбарро дастгир карда, ба ҳалокат расонанд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба таҳдиду таъқиби пайғамбар шурӯъ намуданд. Ҳазрати Муҳаммад аз дасти кофирҳо гурехта, дар даруни ковокии13 як дарахти солхӯрда пинҳон шуданд. Кофирҳо он касро бисёр ҷустуҷӯ карданд ва аз ҳеҷ куҷо ёфта натавонистанд. Онҳо ноумед шуда, ба тарафи ман-
12 Алашаққақа – акка.
13 Ковокӣ – сӯрохии калон ё ҷои холии даруни танаи дарахт, ки бар асари гузаштани солҳои зиёд ба вуҷуд омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё