Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

мешаванд. Баъд мефаҳманд, ки чизҳои онҳоро акка дуздида мебурдааст. Овозаи дуздии акка ҳам дар байни одамон ва ҳам дар байни парандагон паҳн мегардад. Аз ҳамон вақт одамон аккаро ҳамчун парандаи дузд мешиносанд.
Мегӯянд, ки акка ҳоло ҳам ин одати бади худро тарк накардааст.

Чокак

Мегӯянд, ки як вақтҳо чокак одам будааст. Вай бо Бибифотимаи Заҳро ширнаббат1 мекардааст. Рӯзе бо мақсади фириб додани шарикаш ба шир об ҳамроҳ кардааст. Бибифотимаи Заҳро аз ин кор огоҳ шуда, бисёр ранҷидааст ва дар ҳаққаш дуо карда гуфтааст:
— Эй бандаи худо, ту, ки барои ман кори нораво кардӣ, чокак шуда, дар ҳаво гардӣ, тамоми умр ба як қатра об зор шавӣ ва ҳар боре, ки чоккос кунӣ, аз даҳонат хун партой!
Гӯё дуои Бибифотимаи Заҳро мустаҷоб гардидаасту одам ба парандае табдил ёфтааст.
Аз ҳамон вақт то имрӯз он паранда дар ҷустуҷӯи як қатра об саргардон будаасту обро ёфта наметавонистааст ва ҳар бор, ки «чок» мегуфтааст, аз даҳонаш хун мечакидааст ва агар ба ҳар ҷое нишинад, замини зери пояш оташ мебаровардааст.

Оқибати фирибгарӣ

Чокак замоне одам будааст. Вай бо ҳамсояҳояш ширнавбат мекардааст. Як рӯз ба шир об ҳамроҳ карда, бурда ба як ҳамсояаш додааст. Ҳамсояаш ин кори ӯро фаҳмида, дуо кардааст:

1 Ширнавбат — одатеро гӯянд, ки тибқи он ду-се нафар байни ҳамдигар қаблан гуфтугӯ карда, шири гову бузи худро ҳар рӯз бо навбат ба яке аз шариконашон медиҳанд.

пешина
аз 125
навбатӣ