Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
- Хайр, имрӯз шикорам барор накард, фардо албатта барор мекунаду якчандто муш дошта мегирам.
Барои ҳамин ҳам ин парандаро Фардогирак мегӯянд.
Чайра
Як зани камбағали бечора ба назди дукфурӯш мераваду мегӯяд:
- Рӯзи ман аз паси ҳамин чархресӣ мегузарад, ба ман дук даркор шуд.
Дукфурӯш нархи дукашро бисёр қимат гуфт, зан гуфт:
- Ман дигар пул надорам, мана ба ҳамин пулам як дона дук деҳ, ман аз зиндагиям намонам, бачаҳоям аз гуруснагӣ намуранд.
Дукфурӯш нархи дукро арзон накарду зани камбағалро зада пеш кард, зан даст ба дуо бардошта гуфт:
- Худоё дукҳоят ба баданат сих шаванду аз шарм одамҳоро дида натавонӣ ва хонаат дар таги замин шавад!
Ана аз ҳамон вақт дукфурӯш чайра шуда, дукҳояш дар баданаш халиданд ва дар таги замин зиндагонӣ мекунад.
Ҷазои қиматфурӯш
Зане буд камбағал, чарх ришта, калоба карда, фурӯхта, рӯз мегузаронид. Рӯзе дуки чархаш шикасту пеши дукфурӯш рафт.
Дукфурӯш қиматфурӯш буд, зан ҳарчанд зорӣ кард, дукашро арзон нафурӯхт. Зан маъюс ба хонааш баргашт, аҳволаш танг шуду даст ба дуо бардошта гуфт:
- Дукҳоят ба баданат сих шаванду хонаат дар таги замин шавад! Чайра ҳамон дукфурӯш асту як умр дар таги замин зиндагонӣ мекунад.
Аккаи дузд
Як замоне аз хонаи одамон чизҳои майда-чуйда гум шудан мегирад, вале ҳеҷ кас намедонад, ки он чизҳо куҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё