Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Гар бувад сад зерӯ бам дар нағма Мусиқорро,
Кай нишинад дар сулуки нола ҷои андалеб.
(Туғрал)
Ҳамин ки мусиқор пир шуда, вақти мурданаш расид, дар як ҷои баланд ҳезуми бисёре ҷамъ карда, ба болои он баромада, ҷон медодааст. Ҳезум худ аз худ дармегирифтасту мусиқор ба хокистар табдил меёфтааст. Аз хокистараш тухме пайдо шуда, баъди чанд вақт аз он тухм боз ҷӯҷаи нав мебаромадааст.
Чаро ҳуррак аз зоғ мегурезад?
Ривоят мекунанд, ки дар замонҳои қадим ҳуррак рангуборчӣ будааст. Пару боли парандаҳоро рангубор мекардааст.
Дар байни парандаҳо зоғ бо тӯтӣ душманӣ доштааст.
Боре тӯтӣ ба назди ҳуррак омада, мегӯяд, ки ӯро ранг кунад. Ҳуррак дӯсти тӯтӣ будааст, ӯро бо рангҳои аҷоиб оро додааст. Инро дида, зоғ ҳам ба назди ҳуррак рафтааст ва хоҳиш кардааст, ки ҳуррак ӯро ранг кунад. Ҳуррак чашми зогро баста, ба тамоми баданаш ранги сиёҳ молидааст. Зоғ пеши парандаҳо рафта, аз кардаи ҳуррак бехабар афту андомашро таъриф кардааст. Зоғ ба чӣ ҳол афтидани худро фаҳмида, дар фикри ниқор аз ҳуррак афтодааст. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳуррак мегурехтасту зоғ ӯро сур мекардааст.
Фардогирак
Фардогирак — як парандаи кабуд, гарданаш сафед, худаш хеле лаванд аст. Монанди кабк мехонад. Хӯроки ин паранда хазандаҳои хурде монанди муш аст, лекин аз уҳдаи шикор намебарояду ҳар рӯз ба такрор мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё