Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Куя
Мегӯянд, ки куя хеле бойи калон будаасту гӯсфанди бешумор доштааст, вале хасис будааст.
Як рӯз ёру дӯстони наздикаш барои хабаргирӣ ба пешаш мераванд, ки вай байни гӯсфандҳояш пинҳон мешаваду ба пеши дӯстонаш намебарояд, метарсад, ки агар худро нишон диҳад, гӯсфанд куштан лозим мешаваду гӯсфандонаш якто кам мешаванд.
Ин кори бой ба дӯстонаш сахт мерасаду даст кушода дуо мекунанд:
– Куя шавию аз байни пӯсту пашм набароӣ!
Ҳамин тавр бой куя шуду ҷояш байни пӯсту пашм монд.
Тортанак
Тортанак духтари як бой будааст. Вай ҳар рӯз омада, аз пушти дари хона гапи одамонро гӯш мекардаасту ба ҳар кас рафта хабар мекашидааст.
Як рӯз одамҳо дидаанд, ки як духтар дар таги дар гапи онҳоро гӯш карда истодааст, қаҳрашон омадаасту:
– Ҷои ту болои дару девор шавад, – гуфта дуо кардаанд.
Аз ҳамон вақт ин духтар тортанак шуда, дар болои дару девор тор танида мегаштааст.
Мусиқор
Ривоят мекунанд, ки мусиқор парандаест минқораш дароз ва чил сӯрох доштааст. Манзилҳои сабзу хуррамро дида, маст шуда суруд мехондааст, аз ҳар сӯрохии минқораш як садои форам мебаромадааст. Касе, ки суруди мусиқорро шунавад, пир намешудааст. Ҳангоми хонданаш тамоми ҷондори олам ба рақс медаромадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё