Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

да, ба ковокӣ дурусттар назар меандозанд ва аз он ҷо рати Закариёи пайғамбарро дармеёбанд. Онҳо дарахтро бо арра мебурранд ва тани ҳазрати пайғамбарро ду ним мекунанд.

Мегӯянд, ки сурхии парҳои нимаи поёни шиками эзоркак нишонаи хуни ҳазрати Закариёи пайғамбар аст, ки ҷаънати ин паранда аз дасти кофирҳо кушта шудааст. Бинобар ин нақл мекунанд, ки ҳар кас эзорсурхакро кушт кунад, савоб мегирифтааст.

Мор, ғӯрмагас ва фароштурук

Мор подшоҳ будааст, як рӯз ба ғӯрмагас фармудааст:
— Рав, фаҳм канӣ, дар дунё гӯшти чӣ аз ҳама ширин аст?
Ғӯрмагас:
— Хуб, таксир! — гуфтаасту баромада рафтааст. Гӯшти чизро чашида дидаасту «гӯшти одам ширин, гӯшти мардум ширин» гуфта омада истода будааст, ки фароштурук аз фармони мор хабардор будааст, аз пеши ғӯрмагас баромада гуфтааст:
— Аҷаб гапи маъқул мегӯӣ, забонатро барор, барои ин гапат як бӯса кунам!
Ғӯрмагас хурсанд шуда, забонашро баровардааст, фароштурук бо нӯли тезаш забони вайро қайчӣ карда гирифтааст. Ғӯрмагас пеши мор рафта, ғур-ғур карда чизе гуфта натавонистааст. Ҳамин вақт фароштурук расида омада:
— Ин ҷонвар «гӯшти қурбоққа аз ҳама ширин аст» мегӯяд, – гуфта, ба мор фаҳмонидааст.
Мор бадқаҳр шуда, ба фароштурук ҳамла карда миёни онро канда гирифтааст. Думи фароштурук қайчилӣ шудааст. Аз ҳамон вақт мор ба хӯрдани гӯшти қурбоққа оғоз кардааст, одамон ба фароштурук рухсат додаанд, ки дар шифти хонаашон барои худ лона созад.

пешина
аз 125
навбатӣ