Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
дашон баргаштанд. Дар роҳ мерафтанд, ки назарашон ба як алашақшақа афтод, ки он дар болои як дарахти калону ғафс нишастаю шақшақа карда, бо сараш якзайл ба тарафи ковокии дарахт ишора менамояд. Кофирҳо ба назди дарахт давиданд ва ба ковокии дарахт нигоҳ карда, диданд, ки дар даруни он ҳазрати Муҳаммади пайғамбар нишастаанд. Душманҳо он касро кашола карда, аз ковокӣ берун бароварданд ва бисёр азобашон доданд.
Ҳазрати Муҳаммад алашақшақаро дуои бад карданд.
Мегӯянд, ки ба дуои Муҳаммади пайғамбар алашақшақа тухмашро бо азоб аз даҳонаш мезояд ва ҳар гоҳ дар куҷое нишинаду шақшақа кунад, одамон овозашро шум пиндошта, худашро аз он ҷо зада пеш мекунанд.
Чаро одамон зоғро бад мебинанд?
Ривоят мекунанд, ки замоне ба зоғ оби ҳаёт медиҳанд, ки бурда, ба сари одамизод резад, то вайро умри ҷовидонӣ насиб шавад. Зоғ обро ба даҳон гирифта парида меравад.
Вай дар роҳ дам гирифтанӣ шуда, ба болои дарахти арча менишинад. Чашмаш ба парандае меафтаду ногоҳ «қар»
мегӯяд. Оби ҳаёт аз даҳони зоғ ба бехи дарахти арча мерезад. Гӯё аз ҳамин сабаб дарахти арча ҳамеша сарсабз асту умри одамизод кӯтоҳу бебақо.
Мегӯянд, ки одамон зоғро барои ҳамин гуноҳаш то имрӯз бад мебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё