Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Пас аз чанд дақиқа калтакалос худашро ба буттаи юнуҷқа молиданӣ мешавад, вале сад дареғ, ки буттаро дар ҷояш намебинад. Дере нагузашта калтакалос аз таъсири заҳри мор варам мекунад ва ниҳоят кафида мемурад.
Баъд аз ин мард мефаҳмад, ки барги юнуҷқа барои барҳам додани таъсири заҳри мор нафъе доштааст.
Калтакалос
ЯК ҷонварест, ки намуди нафратовар дорад, ба дару девор часпида, дар зиҳи шифти бомҳо хазида, ба ҳар сӯрохӣ сар халонда, ба чор тараф медавад. Касе онро дида монад, кӯшиш мекунад, ки бизанаду ҳар чи аз худ дуртар ронад. Калтакалос ном дорад он ҷонвари баднамуд. Мегӯянд, ки агар худо накарда, ба ин ё он ҷои бадани кас пешобаш расад, он кас пес мешавад.
Дар бораи ин ҷонвар дар байни мардуми мо нақлҳои зиёде мавҷуданд, ки баъзе аз онҳоро зикр менамоем:
1
Пайғамбари худо дар хонаашон бо завҷаи худ гуфтугӯ доштанд. Зан ба шавҳар ва шавҳар ба зан одатан рози дил мегӯянд ва аз ҳамдигар маслиҳат мепурсанд.
Пайғамбар пас аз он ки мегӯянду мешунаванду ба як қарор меоянд, берун рафтанӣ шуда, дарро мекушоянд, ки келинашон ба девор часпидаву гӯш ба дар мондааст.
— Ин корат хилофи одоб аст, духтарам, — гуфтаанд пайғамбар. Келин гапи он касро бурида ва ба рӯяшон давида, гуфтааст:
— Шумо, зану шавҳар, сирратонро аз ман пинҳон медоред. Магар ин коратон аз рӯи одоб аст?!
— Парвардигоро! Аз ин ҷавонзан ҷонваре бисоз, ки ҷояш тамоми умр болои дару девори мардум бошаду рӯяш ҳамеша мазҳари нафрини одамон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё