Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Худованд оҳи он касро шунида, илтимосашонро ба ҷо овардааст.

2

Духтаре будааст, ки фақат болои дару деворҳо баромада, аз сирри ҳамсояҳо хабардор шуда ва онро ба чор тараф паҳн карда, дар байни мардум низоъ андохта мегаштааст. Низоъ меандохтасту тамошо карда, лаззат мебурдааст. Аз ӯ борҳо хоҳиш кардаанд, ки аз ин амали нораво даст кашад, аммо эътибор надодааст. Дар маҳаллаашон як шайх будааст, шайхи пурдону накӯкор. Аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки тадбире андешад, то мардум дигар орому осуда бошанд. Шайх дуо кардааст, ки духтари суханчину сирбарор ба ғазаби Худо гирифтор шаваду ба девордавак9 табдил ёбад.

Дуои шайхи пурдону накӯкор мустаҷоб гардидаасту он духтари хабаркашу низоъандоз девордавак шудааст.

Сангпушт

Дар бораи сангпушт чунин ривоят мекунанд:

Як вақтҳо сангпушт одам будаасту дар бозор тарозубонӣ мекардааст. Вай ҳангоми баркашидани гандуму орду биринҷи одамон аз тарозу мезадааст ва бо ҳамин роҳ бою бадавлат шуда будааст.

Як рӯз ҳазрати Хоҷаи Хизр ин фиреби тарозубонро дида, дар ҳаққаш дуои бад кардааст:

– Илоҳо, ҳамин ду паллаи тарозу ба пушту пешат часпаду ту дар мобайнашон монӣ.

Ин дуо мустаҷоб шудааст ва аз ҳамон вақт тарозубон ба сангпушт мубаддал гаштааст.

9 Дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон калтакалосро девордавак низ мегӯянд.

пешина
аз 125
навбатӣ