Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Гунҷишк дар ҷавоб:
– Не, борон намеборад, дар ин бора ташвиш накашед ва беғам бошед ва агар борад ҳам, хонае, ки ман месозам, бисёр мустаҳкам аст, – мегӯяду корашро боз давом медиҳад.

Ҳазрати Сулаймон ба назди Худованд меравад ва дар бораи мулоқоташ бо гунҷишк нақл мекунад. Худованд ҷавоби гунҷишкро маъқул медонад. Сулаймони пайғамбар аз Худованд хоҳиш менамояд, ки каме борон ато кунад, то ӯ дар назди гунҷишк ҳиҷолат нашавад. Аммо Худованд хоҳиши Ҳазрати Сулаймонро қабул намекунад.

Барои ҳамин мегӯянд, ки боридану наборидани боронро пеш аз ҳама гунҷишк медонад. Агар гунҷишк дар нӯги навдаи дарахт нишаста, чурук-чурук кунад, аз боридани борон хатаре намебошад. Ҳар гоҳ вай дар бехи навдаи дарахт нишаста, бо бадани худ тез-тез минқор задан бигирад, боридани борон аз эҳтимол дур намебошад.

Ҷанги мор ва калтакалос

Ривоят мекунанд, ки замоне як мард аз саҳро ба хонааш бармегашт. Дар роҳ мебинад, ки як мору як калтакалос байнашон ҷанг доранд. Мор вақти муносиб пайдо карда, ба бадани калтакалос заҳр мезанад. Калтакалос бетоқат шуда, ин сӯю он сӯй медавад, то заҳри морро аз бадани худ дур кунад. Вай дар канори роҳи одамгузар буттаи юнучқаеро мебинад ва давида рафта, танашро ба барги он мемолад.

Заҳри мор аз бадани калтакалос нест мешавад. Калтакалос боз аз сари нав ба мор ҳуҷум мекунад. Ин ҳодиса ду-се бор такрор меёбад ва ҳар боре калтакалос ба воситаи барги юнучқа худро аз хатари заҳри мор эмин нигоҳ медорад. Чун калтакалос бори дигар ба ҷанги мор меравад, он марди раҳгузар буттаи юнучқаро аз беҳаш канда, ба як сӯ мепартояд ва оқибати корашро интизор мекашад.

пешина
аз 125
навбатӣ