Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

мепро шунавад ва бо дастонаш ёли аспро нарм-нарм даст-мол карда, онро аз хоб бедор намояд, ҳамон шахс бою бадавлат мешавад.

Исҳоқ ва Ёқуб

Ёқуб ном парандае ҳаст, ки ҳар сол дар аввалҳои фасли баҳор бегоҳирӯзиҳо «Исҳоқ, Исҳоқ» гӯён садо медиҳад. Мардум дар бораи ин паранда ривояте доранд, ки он чунин аст:
Дар замонҳои қадим ду бародар будаанд, ки яке Исҳоқ ва дигаре Ёқуб ном доштааст. Рӯзе барои кадом гуноҳашон Худо онҳоро ба ду паранда табдил додааст. Барои ин ки ин ду паранда аз ҳам ҷудо бошанд ва як умр рӯи якдигарро набинанд, Худо Исҳоқро ба пушти кӯҳи Қоф бурда, бандӣ кардааст. Ёқуб бошад, ҳар сол дар фасли баҳор ба ҷустуҷӯи бародараш Исҳоқ баромада, «Исҳоқ, Исҳоқ» гуфта садо мекардааст, аммо ба дидани дидори ӯ ҳеҷ гоҳ ноил намегардидааст.
Одамон дар бораи ин ду мурғаки нокому саргашта чунин мисраъҳоро эҷод кардаанд:
Исҳоқ «ҳақ» мегӯяд,
«Ҳалқам қоқ» мегӯяд.
Ин Ёқуби бечора,
«Тоқатам тоқ» мегӯяд.

Гунчишк

Ҳазрати Сулаймон рӯзе мебинад, ки як гунчишк дар лаби ҷарӣ хона месозад. Вай ба назди гунчишк омада мегӯяд:
– Эй гунчишк! Барои чӣ хона месозӣ? Яқин аст, ки ҳамин ҳоло борони шадиде мебораду хонаатро вайрон мекунад. Меҳнати беҳуда чӣ лозим?!

пешина
аз 125
навбатӣ