Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

дованд барояш додааст, боз ин ду чашми боқимондаро низ барои худ дуздидааст.

Худованди таоло аз ин кори бум ранҷида, гуфтааст:
— Ман ба ту ду чашмро муносиб донистам, барои чӣ ин ду чашмро дуздидӣ?
— Хостам, ки ин чашмҳоро ба он ду чашме, ки ту ба ман раво донистӣ, ҳамроҳ кунаму сирру асрори дунёро дурусттар дида тавонам.

Худованд фармудааст:
— Барои ин ношукриат мехоҳам, ки шаб биною рӯз кӯр шавӣ! Барои ҳамин ҳам парвози бум аз ҷое ба ҷое фақат ҳангоми шаб сурат мегирифтааст. Вай рӯзона чашмонашро пӯшида ва дар ҷое нишаста, фаро расидани шабро интизор мешудааст.

Кирми пилла

Мегӯянд, ки кирми пилла аз ҳазрати Аюби пайғамбар боқӣ мондааст. Нақл мекунанд, ки гӯё бадани Аюби пайғамбарро ҳафтод сол кирмҳо хӯрдаанд. Баъди ҳафтод сол дар натиҷаи дорую дармон кирмҳо аз бадани Аюби пайғамбар рехта, ба дарахтҳо баромадаанд; як қисмашон ба дарахти себ баромадаанд, қисми дигарашон ба дарахти зардолу баромадаанд ва қисми сеюмаш ба дарахтҳои туту олую шафтолую гелосу анҷиру дигар анвои дарахтҳо баромада, дар байни пӯсту меваи онҳо ҷой гирифтаанд. Ин кирмҳо имрӯз ҳам мавҷуданд ва аз ҳисоби баргу шираи меваи дарахтҳо зиндагонӣ мекунанд.

Аммо кирме, ки ба дарахти тут баромадааст, аз хӯрдани барги ин дарахт пилла шудааст. Аз ҳамон вақт додани барги тут ба ин кирм шурӯъ шудааст.

Занбӯр ва достак6

Чунин нақл мекунанд, ки замоне дар мамлакати мо-

6 Достак — парасту, фароштурук.

пешина
аз 125
навбатӣ