Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Чӯр ҳар рӯз сурудхонон ба осмон мебаромадасту пас аз хондани сию нӯҳ суруд суруди чилумро фаромӯш карда, поён мефаромадааст. Вай боз аз нав суруд хонда – суруд хонда боло мебаромадасту ҳангоми ба тахти Ҳазрати Сулаймон наздик шуданаш суруди чилумро фаромӯш карда, дубора боз ба замин мефаромадааст.

Ҳамин тавр чӯри бечора ҳеҷ гоҳ шартро ба ҷо наоварда, духтарашро аз дасти Ҳазрати Сулаймон озод карда натавонистааст, чунки ба вай дуо рафта будааст.

Чӯгзаки доно

Назар ба қавли мӯйсафедон ҷӯгзак ба ҷойҳои вайрона омада, сарашро поину боло карда, фарёд мезадааст.

Аз Ҳазрати Сулаймон пурсидаанд, ки сарашро поину боло кардан ва фарёд задани ҷӯгзак чӣ маъnӣ дорад?

Ҳазрати Сулаймон гуфтааст:

Ҷӯгзак ба одамон мегӯяд, ки: «эй бандагони Худо, ҳарчанд дар давоми умри худ соҳиби ҷоҳу ҷалол ва молу мулки зиёд шавед ҳам, он қадар баланд наравед ва худро фаромӯш накунед, ки оқибат ҷои шумо ана ҳамин вайрона аст, чунонки тамоми гузаштагонатон дар ҳамин вайрона хок шудаанд.

Баъд аз ин одамон фаҳмидаанд, ки ҷӯгзакро «парандаи хонавайрон» гуфтан даъвои ботил будааст. Ҳамчунон онҳо фаҳмидаанд, ки дар ҷойҳои вайрона ва харобазорҳо гаштугузор кардани ҷӯгзак низ танҳо аз рӯи доноию дурандешии худи вай будааст.

Бум

Худованд ҳамаи чашмҳоро ба бум дода, фармудааст, ки вай онҳоро дар байни парандаҳо тақсим кунад. Бум ин фармудаи Худоро ба ҷо оварда, дидааст, ки ду чашм аз тақсимот боқӣ мондааст. Бум ба ғайр аз ду чашме, ки ху-

пешина
аз 125
навбатӣ