Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Рон як мори калони бадҳайбат подшоҳӣ мекард. Морон занбӯрро ба хизматгорӣ гирифта буданд. Як рӯз шоҳи морон занбӯрро мефармояд, ки вай тамоми ҷаҳонро давр зада, фаҳмад, ки гӯшти кадом ҷонвар аз ҳама ширин аст. Занбӯр парвоз карда мераваду тамоми ҷонваронро неш мезанад. Охир ба назди одам меояду ба одам низ неш мезанад, гӯшти одам ба вай писанд меояд. Занбӯр хурсанд шуда, ба назди шоҳи морон меомад, ки дар роҳ бадостаке вомехӯрад. Достак занбӯрро шоду мамнун дида, сабаб мепурсад:
— Барои чӣ ин қадар шодӣ мекунӣ?
Занбӯр воқеаро нақл мекунад. Достак мегӯяд:
— Бовар намекунам, ку забонатро нишон деҳ.
Занбӯр забонашро нишон медиҳад, ки достак бо думи қайчимонандаш забони занбӯрро мебурад. Занбӯр ғув-ғув-кунон ба пеши шоҳи морон меояд. Шоҳи морон мепурсад:
— Ку, гап зан, аз ҳама гӯшти чӣ ширин будааст?
Аммо занбӯр чизе гуфта наметавонад. Фақат ғув-ғув мекунаду халос. Ҳамин лаҳза достак пайдо шуда мегӯяд:
— Занбӯр мехоҳад гӯяд, ки аз ҳамаи гӯштҳо гӯшти курбоққа ширин аст. Аз ҳамин вақт сар карда морон бештар курбоққаро шикор мекардагӣ шуданд.
Одам бошад бо достак дӯст мешаваду ягон зараре ба он расониданро ба худ раво намебинад.

Мусичаи бегуноҳ

Мусича мурғи Бибифотима будааст. Ҳазрати Бибифотима дар хонаашон мусичаи бисёр доштаанд ва онҳоро ба сидқ парвариш мекардаанд. Нигоҳубини мусичаҳо ва шунидани овози онҳо барои ҳазрати Бибифотима хеле гӯворо ва лаззатбахш будааст.
Мегӯянд, ки ба мусича дуои Бибифотима рафтааст. Он кас гуфта будаанд, ки: «Илоҳо, азизи одамон бошӣю

пешина
аз 125
навбатӣ