Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
ган занем. Онҳо ба хонаи холаашон рафта, дастовезро дода баргашта омада:
— Хоҳарамон ҳамон ҷо монд, ҳафтаи дигар меомадааст, — гуфта монданду модарашонро хотирҷамъ карданд.
Як ҳафта гузашт, аз духтар дарак нашуд, боз се рӯз гузашт, дарак не. Модар хавотир шуда, писари калониашро ба хонаи хоҳараш фиристод.
Писар рафта истода буд, ки чашмаш ба гулҳои атрофи бед афтоду як даста чида, ҳамон як бех қамишро бурида най сохта, ба лабаш монда навохт. Аз даруни най якбора садои аҷоиб баромад:
Сурнай навозед, акаҷон.
Ҳай-ҳай навозед, акаҷон.
Хоҳаракони номеҳрубон,
Ҳаётама карданд хазон.
Писар ҳайрону ҳаросон шуда, аз роҳаш гашта омаду ба модараш гуфта дод. Модар овози духтарашро шунида, фарёд бардошт. Духтарони калонаш дар ҷояшон шах шуда монданд.
Модарашон найро аз писараш гирифта пинҳон кард. Духтаронаш дуздида, ба танӯри тасфон партофтанд.
Як кампири ғарибу танҳо буд. Хизмати дари
мардумро карда мегашт, ҳамон рӯз олавталабӣ
омад. Аз танӯр як хокандоз олавро гирифта, бур-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё