Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Ман туро намехӯрам, лекин гурги кабуд омада истодааст, вай раҳм надорад, ту бечораро мехӯрад, – гуфта ба роҳаш рафт.

Ин гург аз назар ғоиб шуда-нашуда, як гурги кабуд расида омаду:

— Ҳой духтарак, туро кадом золим ба манзили гургон оварда баст? – гуфта пурсид.

Наргис тарсидаю ларзида гуфт:

Ин кора карданд хоҳаракон,
Хоҳаракони номеҳрубон.
Гургак, гургак, маро нахӯр,
Ҳаётама накун хазон!

Ин гург ҳам ба духтарак раҳм карду:

— Ман туро намехӯрам, лекин як гурги сиёҳ меояд, вай туро мехӯрад, – гуфта ба роҳаш рафт.

Ҳамин вақт як гурги сиёҳи калон дандонҳояшро шақар-шақур кунонда омаду:

— Ҳой духтарак, аҷаб одами некдил будааст он касе, ки туро барои ман тайёр карда мондааст, – гуфта ҳамла кард. Ҳамла карду духтараки бечораро хӯрд.

Аз байн якчанд рӯз гузашту дар ҷойи хуни духтар рехта гирдогирди бед ҳазор ранг гул баромад. Ангуштҷаи ӯро гурги сиёҳ нахӯрда будааст, вай як бех қамиш шуда баромад.

Гулҳоро ин ҷо монему аз хоҳаракони духтар

пешина
аз 161
навбатӣ