Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Занашро дода, зани дигар гирифт. Ҷавонзани нозанин буд. Ин зан ҳам хулқу атвори писари савдогарро дида, ба ӯ меҳрубон шуд. Баъд дар ин дунёи дун, зери ин гарданда гардун чӣ ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, зани ҷавон ба писари савдогар меҳр баст. Меҳр басту сабру тоқат аз даст дод. Вай як рӯзи наҳс дилашро пеши ӯ кушод:
– Дардам сахт, дармони ин дард фақат ту. Агар рад кунӣ, бидон, ки ман нобуд мешавам. Саҳар мехезам бо ёди ту, хоб меравам бо ёди ту, – зани ҷавони хоҷаин ҳамин хел гапҳо гуфтан гирифт.
Дили писари савдогар ларзид, намедонист чӣ кор кунад.
– Ақлатро кор фармо, янга! – гуфт ба ӯ. – Ту фикр мекунӣ оқибати ин чӣ мешавад: шармандагӣ, хунрезӣ.
– Хотирҷамъ бош, ман ақламро кор фармудагӣ, ҳамту мекунам, ки аз сирри мо ягон ҷондор хабар намешавад. Агар хоҳӣ, ки ба ҷони ман ҷабр нашавад, не нагӯ! Ба пеши поят сар мемонам, не нагӯ! – илтиҷо кард зани хоҷаин.
Дили писари савдогар ба ҳоли ӯ сӯхт. Намедонист чӣ кор кунад. Шавқаш боло гирифт ва як қадам ба тарафи зан монд ва ҳамин лаҳза панди ба сад танга харидааш ба ёдаш расид: «Туф макун ба намакдоне, ки аз он намак хӯрдай». Ин панд оби сарде буд, ки ба деги ҷӯш меандозанд.
Писари савдогар бошитоб ақиб гашту аз назди зан дур шуд. Зан ба таҳлука афтод. Гумон кард,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё