Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Аз назар гузаронд, пас ба даруни қуттӣ даромада, ба бачааш хӯрок дод. Баъд боз парида рафт. Ҳамин тавр ҳар рӯз аз пагоҳ то бегоҳ хӯрок оварда, бачаашро парвариш мекард. Аҳмадҷон ҳам ба чӯҷача обу дон медод. Чӯҷача ҷон гирифта, ба по хест, болу пар баровард. Шодии Аҳмадҷон ҳадду канор надошт. «Чӯҷачаи ман, чӯҷачаи ман» гӯён навозиш мекарду суруд мехонд.
Як рӯз Аҳмадҷону модараш барои хабаргирӣ хонаи бибиаш рафтанд ва шабро дар он ҷо гузаронда, рӯзи дигар баргаштанд. Аҳмадҷон дар айвон қуттии холиро дида, доду фиғонаш баромад:
– Оча, оча! Чӯҷача нест, гурба хӯрдааст!
Модараш қуттиро аз назар гузарону гуфт:
– Не, бачам, гурба нахӯрдааст. Гурба ба ин ҷо намеояд.
– Набошад канӣ?
– Қати очааш рафтааст.
Модараш аз тиреза ба шохи дарахти хурмо нигариста, чӯҷачаро ҳамроҳи очааш дид.
– Ана, ман гуфтам-ку, чӯҷачаро очааш бурдагӣ, – гуфт ва ба Аҳмадҷон шохи дарахти хурморо нишон дод.
– Чӣ, дигар ба хонаи мо намеояд? – бо дили озурда пурсид Аҳмадҷон.
– Акнун вай паррончак шудагӣ, қати очааш парвоз мекунад, сайру саёҳат мекунад, баъд боз меояд, бачам, албатта меояд.
Аҳмадҷон то ҳол чӯҷачаро интизор аст ва бовар дорад, ки вай ягон рӯз албатта меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё