Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
— Оча, оча, ҷӯҷача баромадааст! Ана, биё, бин!
Модараш ҳам ҷӯҷачаро дида хушҳол шуд.
— Очааш дар куҷо? — пурсид Аҳмадҷон.
— Очааш барои овардани хӯрок рафтагӣ. Аз ҳар ҷо дон чида омада, ба бачааш медиҳад, то ки зудтар калон шавад.
Ҳамин вақт мусича парида омаду ба даҳони бачааш аз нӯлаш хӯрок дод. Ва боз парида рафт.
Як шаб шамоли сахт вазида, борони сел борид. Пагоҳӣ Аҳмадҷон ба айвон баромада, ба хонаи мусича нигаристу дар ҳайрат монд. На мусича буду на хонаашу на бачааш.
Зуд модарашро ҷеғ зад. Модараш тирезаро кушода, поёнро аз назар гузаронд. Дар даруни ҷӯйбор мусича болу пар мезад. Аҳмадҷон ҳамроҳи модараш берун баромаданд. Ҷӯҷача чирик-чириккунон дар даруни ҷӯйбор мехобид. Мусича бо чанголҳояш дошта, бачаашро ба по хезонданӣ мешуду наметавонист.
Вай наздик омадани Аҳмадҷону модарашро дида, гурехта дур рафт. Модари Аҳмадҷон ҳам шуда, аз даруни ҷӯйбор ҷӯҷачаро оҳиста рӯи даст гирифт. Пару бол надошт, пою чанголҳояш нозуку беқувват буданд. Ба пояш рост истода наметавонист.
Дили Аҳмадҷон ба ҷонварак сӯхт. Вай бо ангуштонаш тани кӯчаки ҷӯҷачаро меҳрубонона сила карда ғамгин шуд.
— Вой уболаке, — гуфт модараш, — шамол хонаашро вайрон кардааст. Ин ҷо монад, пишак мехӯрад. Беҳтараш хона мебарем. Тирезаро кушода монем, очааш омада дону об медодагист.
Модараш ҷӯҷачаро ба айвон даровард. Қуттии картонӣ ёфта, ба дарунаш хасу пахол андохт ва ба болои он ҷӯҷачаро монд. Баъд қуттиро бурда, назди тиреза гузошт, то ки мусича садои бачаашро шунида биёяд.
— Биё, хона медароем, — гуфт модараш, — агар мо ин ҷо бошем, мусича тарсида намеояд.
Ҳар ду хона даромаданд. Модараш аз паи кори худ шуд.
Аҳмадҷон аз тирезаи хона ба айвон нигариста, интизори мусича гардид. Ҷӯҷача беист чирик-чирик мекард. Садояшро шунида, мусича омад. Болои тахтаи тиреза истода, атрофро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё