Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
ЧӮҶАЧАИ АҲМАДҶОН
Аҳмадҷон як табақи тирезаи айвонро кушода, ба берун нигарист. Насими форами баҳорӣ мевазид. Замин каб-кабуд, майсаю себаргаҳо бисёр, дарахтон пури гул буд. Села-села гунҷишку майнаҳо фир-фир парида, ба шохи дарахтон менишастанд ё поён фуромада, аз байни алафҳои рӯи замин ҳар чӣ ёфта мехӯрданд. Аҳмадҷон дар шохи дарахти хурмо, ки рӯ ба рӯи айвон қомат афрохта буд, мусичаеро дид, ки дар нӯлаш чӯбча дошт.
– Оча, ҳой, оча! – фарёд кард Аҳмадҷон.
– Ҳа, бачам, чӣ мегӯӣ? – гӯён модараш омад.
– Мусича чӯбча мехӯрад?
– Чӯбча? – хандид модараш, – чӯбча намехӯрад, дон мехӯрад, нон мехӯрад, боз чизҳои дигар.
– Ана, бин, – Аҳмадҷон мусичаро нишон дод. Модараш мусичаро диду гуфт:
– Дар нӯлаш будагӣ чӯбча не, хас. Бо хас хона месозад.
– Хона? Барои чӣ? – пурсид Аҳмадҷон.
– Дар хонааш тухм мегузорад, баъд аз тухмаш бача мебарояд, – фаҳмонд модараш.
– Кай мебарояд?
– Бисёр хобида хезӣ баъд мебинӣ, ки аз тухмаш чӯҷача баромадааст.
Аҳмадҷон ҳар пагоҳ аз хоб хеста, ба айвон мебаромаду тирезаро кушода, мусичаро тамошо мекард. Мусича хас кашонда, хона месохт. Аз байн чанд рӯз гузашт ва Аҳмадҷон дид, ки мусича ба даруни хонааш даромада хобидааст. Вай ба модараш хонаи мусичаро нишон дод.
– Акнун мусича тухм мекунад, – гуфт модараш, – баъд тухмро дар бағалаш гарм карда, аз он чӯҷа мебарорад.
– Кай мебарорад?
– Баъди якчанд рӯз.
Ҳамон якчанд рӯзи гуфтаи очааш ҳам фаро расид ва Аҳмадҷон дар хонаи мусича чӯҷачаро дид, ки даҳонашро калон кушода, чирик-чирик мекард. Бисёр хурсанд шуд ва шодикунон давида назди модараш омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё