Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

синфатон вохӯрдам. Пурсидам, ки бачаҳои маҳаллаи мо чӣ хел мехонанд?

Вай аълохонҳоро номбар кард. Дар байни онҳо номи Эраҷро шунида бисёр хурсанд шудам. Сонӣ бадхонҳоро ном гирифт. Лекин номи туро шунида, рости гап, шарм кардам.

Баҳром, ки то ин дам ба гапи ман бо диққат гӯш медод, ногаҳон худро ноҳинҷор ҳис намуда, ранги рӯяш тағйир ёфт, сараш ҳам шуд.

– Баҳром зеҳни тез дорад, бачаи ҳушёр, ҷусту чолок, – гуфт роҳбари синф, – лекин танбал, дарс тайёр намекунад, вазифаи хонагиро аз дафтари дигарон мебардорад. Агар кӯшиш намуда, дарсҳоро тайёр кунад, аълохон шуданаш мумкин.

Ман диққати Баҳромро ба худ кашида гуфтам:

– Мо ҳам мисли шумо – бачаҳои имрӯза як вақтҳо талаба будем, дар мактаб мехондем, бозӣ ҳам мекардем. Лекин аввал дарс мехондем, вазифаи хонагиро иҷро мекардем, ба падару модар дар кори хона ёрӣ мерасондем. Баъд агар вақти холӣ ёбем, бозӣ мекардем. Ҳар кор ҳадду андоза дорад. Дар байни одамон як мақол ҳаст, шояд шунида бошӣ, мегӯянд, ки ҳалвояш камаш хуб, бисёраш зарар дорад. Инсон бояд ҳамон кореро кунад, ки нафъаш бештар бошад. Ҳамин тавр не, ҷони бобо, Баҳромҷон?

Вай бо як табассуми ниҳоние ба рӯям нигаристу чизе нагуфт. Лаҳзае байни мо хомӯшӣ ба амал омад. Хомӯширо худам вайрон кардам:

– Дар воқеъ байни бачаҳо Эраҷ наменамояд?

– Вай нест, – гуфт Баҳром.

– Куҷо бошад?

– Намедонам.

– Дар хона бошад? Канӣ бинчӣ, хона бошад рафта чеғ зан. Вай ҳам камтар бозӣ кунад охир.

Баҳром оҳиста аз ҷо хесту ҷониби хонаи Эраҷино роҳ паймуд. Фурсате нагузашта ҳарду берун баромаданд ва ба сӯи майдончаи бозӣ рафтанд.

пешина
аз 77
навбатӣ