Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

– Ҳаминро барвақт гӯй, намешавад? Ҷӯраҳои акаат бачаҳои хуб набудаанд. Набошад ин лақаби хунукро ба ӯ намедоданд. Хайр, майлаш, акнун бигӯй, ки акаат дар хона?
– Не, хонаи холам рафт.
– Худаш танҳо рафт?
– Не, қати як бача.
– Номи бачаро медонӣ?
– Намедонам.
– Хонаатон дар куҷо?
– Ҳо, ана, – гӯён духтарча як дарвозаи чӯбини сабзрангро нишон дод.
– Дар хона саг доретон?
– Не, буз дорем.
– Буз бошад, ҳеҷ гап не, – завқ карда хандид Ҳабиба ва назди дарвоза омада, онро бо мушташ чанд карат кӯфт. Аммо аз дарун садое набаромад. Як табақи дарвозаро тела дода ба дарун даромад. Дар рӯи ҳавлӣ касе наменамуд. Дар поёни суфа як бузи калони сафед, ки шоҳҳои дарози печон дошт, алаф мехӯрд.
– Хола, ҳой хола! – овозашро баланд кард Ҳабиба. Касе набаромад. Буз Ҳабибаро дида, ба ҷониби ӯ оҳиста-оҳиста қадам монд.
– Биё, биё, бузаки ҷингилапои ман, биё алафат медиҳам, нону қандат медиҳам, мехӯрию кайф мекунӣ, сер мешавию бозию шодӣ мекунӣ, – навозиш кард Ҳабиба. Буз ба ногоҳ ба қаҳру ғазаб омада, шоҳҳояшро мисли шамшер ба тарафи Ҳабиба нигаронда, чунон сахт давид, ки агар Ҳабиба андаке сустӣ мекард, эҳтимол ягон ҳодисаи нохуш рӯй медод. Ҳабиба аз тарс дод гуфта, ба сӯи хона гурехт ва бо модари Фаришта рӯ ба рӯ омад.
– Ин бузи балозада аз саг ҳам бадтар, – ғур-ғур кард занак. – Одами бегонаро бинад, девона шуда, шоҳзанӣ мекунад. Чанд бор гуфтам, ки фурӯшему ба ҷояш гӯсфанд гирем, аммо Ризвон розӣ нашуд. Аз хурдӣ, ки худаш калон кард, дилаш намешавад.
Занак ресмон оварда, бузро аз гарданаш баст ва аз шоҳҳояш дошта кашолакунон ба молхона бурда баст.

пешина
аз 77
навбатӣ