Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
- Хола, Ризвон ба хонаи холаш танҳо рафт ё кати ягон ҷӯрааш? - пурсид Ҳабиба.
- Ҳамроҳи як ҷӯрааш.
- Номашро намедонед?
- Ба хаёлам Наврӯз ё Фирӯз гуфт.
- Фирӯз?.. Ё Беҳрӯз? - ба ҳаяҷон омад Ҳабиба.
- Дуруст, дуруст, Беҳрӯз.
- Раҳмати калон, холаҷон! - изҳори миннатдорӣ намуд Ҳабиба, - бачаи кофта гаштагиамонро ёфтем. Модараш хавотир шуда, аз саҳар боз ӯро кофта гаштааст. Ба модараш гап назада рафтааст.
Ҳабиба аз хурсанӣ ба куртааш нағунҷида, давон-давон роҳ мегашт. Дар нимаи роҳ Замираю Кабирро дида фарёд зад:
- Беҳрӯзро ёфтем, ёфтем! Ҳамин замон меояд.
Бачаҳо вориди ҳавлӣ шуда, ба холаи Салима аз ёфт шудани Беҳрӯз мужда расонданд. Дере нагузашта худаш даромада омад. Модараш ӯро ба оғӯш кашида, аз сару рӯяш бӯсид. Аз чашмонаш боз ашк баромад, вале он ашки шодӣ буд. Албатта барои гап назада бедарак шуда рафтанаш Беҳрӯзро сарзаниш карданд, вай бошад ҳарфе намегуфт ва зери лаб ноаён табассум мекард. Падараш амаки Абдураҳим аз бозор баргашт, аммо дар бораи ҳодисаи имрӯза касе лаб накушод. Беҳтараш хабардор набошад, гуфтанд онҳо, вагарна ҷанҷоли нав хестанаш мумкин.
Бачаи аҷоиб
Аз он рӯзе, ки китоби шифо дарёфт шуд, он даст ба даст
гашт. Бачаҳо маслиҳат намуда, китобро ба ҳисса тақсим
карданд ва ҳар кадом ҳиссаи худро хонда баромада, дар ҳар
ҷое, ки ба давои касалии фаромӯшхотирӣ дучор оянд, ба
дафтари махсус номи гиёҳу буттаҳо, ҳайвоноту парандаҳо
ва тарзу усули тайёр намудани доруҳоро навиштанд. Бо тавсияи онҳо амаки Абдураҳиму холаи Салима низ китобро
гирифта, фурсат ёфта хонданд. Ҳабибаю Замира ва Кабир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё