Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Аз чашмони модар ашкҳои сӯзон баромада, рухсораашро тар карданд.

– Холаҷон, хавотир нашавед, Беҳрӯз бачаи майда не, ки гум шавад, иншооллоҳ худаш меояд. Агар худаш наояд, аз куҷое, ки бошад, мо ӯро ёфта меорем, – тасаллӣ дод Кабир.

– Ҳа, хола, зиқ нашавед, ба хонаи ягон ҷӯрааш рафтагист, – гуфт Ҳабиба.

Ҳар се ба кофтукови Беҳрӯз рафтанд. Бори дигар соҳили наҳрро аз назар гузаронданд, аз бачаҳое, ки оббозӣ мекарданд пурсиданд, дар болои тепаҳои сабзазор бо чӯпонбачаҳо вохӯрда, сӯҳбат намуданд, аммо онҳо гуфтанд, ки Беҳрӯзро надидаанд, вай ба ин ҷойҳо наомадааст.

– Медонед, чӣ кор мекунем? – маслиҳат дод Ҳабиба, – акнун тақсим шуда, ҳар кадом маҳалларо дида мебароем. Ту, Замира, ба маҳаллаи худатон, Кабир ба маҳаллаи мобайнӣ, ман ба маҳаллаи боло меравам. Шарташ ҳамин ки ҳавлӣ ба ҳавлӣ даромада пурсуҷӯ мекунем.

Таклиф маъқул шуд ва ҳар се аз паи кор шуданд.

Ҳабиба дар кӯча бо ҳар бачае, ки вомехӯрд, аз ӯ Беҳрӯзро мепурсид ва ҷавоби радро шунида, роҳашро боз давом медод. Ҳангоме ки ба маҳаллаи боло расад, ба духтарчаи се-чорсолаи зебояк дучор омад, ки дар лаби ҷӯйбор нишаста, ба об сангча мепартофт.

– Духтарчаи зебояк, номат чӣ? – пурсид ӯ.

Духтарча сар бардошта, бо табассуми ширин ба Ҳабиба нигарист:

– Фаришта.

– Номат худат барин зебо будааст. Ака дорӣ?

– Ҳо, дорам.

– Номаш чӣ?

– Номаш... номаш Чӯгӣ.

– Чӣ, Чӯгӣ?

– Ҳа.

– Ном қаҳат зада буд? Оҷаю отат номи дигар наёфтанд? – ҳайрон шуд Ҳабиба.

– Ҷӯраҳояш ӯро Чӯгӣ мегӯянд, – қоматашро рост карда хандид духтарча. – Номи худаш Ризвон.

пешина
аз 77
навбатӣ