Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ҳар се ба кампир «раҳмат» гуфта, ҷониби академия рафтанд. Ва китоби шифоро ёфта, чунон хурсанд шуданд, ки гӯё китоб не, балки хазинаи тилло ёфта бошанд. Нархи китоб шаш сомонӣ будааст, Замира хост пули онро худаш диҳад, аммо Ҳабибаю Кабир розӣ нашуданд:

– Мо ҳар се аҳд кардем, ки китобро ёфта якҷоя мехарем, – гуфт Ҳабиба, – китоб барои табобати додари ту зарур аст, додари ту додари мо ҳам, ҳамсинфи мо ҳам мебошад. Барои ҳамин пули китобро баробар тақсим мекунем. Ғайр аз ин, агар ҳамин тавр накунем, ба ту ҷабр мешавад. Ҳозир пулҳобӣ осон аст?

Онҳо китобро гирифта, шоду масрур ба деҳа баргаштанд.

Фаришта ва бузаки ҷангара

Ҳабибаю Замира ва Кабир умед доштанд, ки холаи Салима китоби шифоро дида хурсанд мешавад, аз шодӣ барояшон ҷои шинондан намеёбад, дастархон кушода зиёфат медиҳад. Аммо умедашон барбод рафт. Модари бечора бачаҳоро бо хотири парешону дили пурғам ва чашмони ашколуд пешвоз гирифт. Дар як лаҳза дар чеҳраи бачаҳо аз шодӣ асаре намонд.

– Оҷаҷон, чӣ гап шуд? – пурсид Замира.

– Хола, гап занед, чӣ воқеа рӯй дод? – хавотир шуд Ҳабиба.

Модар оҳи вазнин кашида ба гап даромад:

– Пагоҳӣ баъди бозор рафтани шумо Беҳрӯз дар кӯча бо бачаҳо бозӣ мекард. Ман бо кори ҳавлӣ овора будам. Вақти хӯроки пешин шуд. Чой дам карда ӯро чеғ задам. Овозе набаровард. Берун баромада аз бачаҳо пурсидам. Касе надонист. Тамоми маҳалларо давр зада кофтам, ба лаби наҳр рафтам, болои тепаҳо баромадам, аз вай дараке наёфтам. Одати ба ҷойҳои дур рафтан надошт. Метарсам, ки ягон воқеаи нохуш рӯй дода бошад. Эҳ, Худоҷон, раҳм кун, дар паноҳат нигаҳ дор!

пешина
аз 77
навбатӣ