Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Баҳсу мунозира авҷ гирифт. Дар гирди онҳо мардум ҷамъ шуданд. Мӯйсафеди қоматбаланди нуроние, ки дар даст сатил дошт, асли воқеаро фаҳмида ба милисаҳо рӯ овард ва бо оҳанги нарми маслиҳатомез гуфт:
— Дар вақташ мо ҳам дар орган кор мекардем. Лекин бо мардум, хусусан заҳматкаши деҳот одамвор муносибат мекардем.
— Ҳой мӯйсафед, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, — гуфт милисаи бурутдор.
— Мӯйсафед гапи ҳақро гуфт, – овоз бароварданд дигарон. Як милисаи дигар, ки рутбаи полковникӣ дошт, омаду ба ҳархаша хотима гузошт. Вай ба ҳамкоронаш амр дод:
— Гелоси духтаракро баргардонда диҳед ва худ назди ман биёед.
Полковник бо шитоб қадам монда рафт. Мӯйсафеди нуронӣ гелосу олую олучаи бачаҳоро аз назар гузаронда гуфт:
— Агар арзонтар фурӯшед, ҳамаашро мегирам.
— Бобо, чандӣ мегиред? – пурсид Ҳабиба.
— Гелосаш ду сомонӣ, олучаяш ҳаштод дирамӣ, олуяш як сомонию бист дирамӣ.
Онҳо розӣ шуданд ва меваро фурӯхта ба мағозаи китоб омаданд. Солҳои пеш Ҳабиба ҳамроҳи падар ё модараш ба шаҳр омада, аз ҳамин ҷо китобу дафтар, рӯзномаю дигар асбобҳои хонишро харида мерафт. Тамоми бинои калон аз китоб пур буд. Ҳоло бошад ҷои онҳоро молҳои дигар гирифта, фақат дар як гӯшаи он китобу дафтар ба назар менамуд. Бачаҳо китобҳоро аз назар гузаронда, китоби даркориро наёфтанд. Ҳабиба аз кампири айнакӣ, ки китобу дафтарҳоро ҷо ба ҷо мекард, пурсид:
— Хола, китоби «Шифо» надоред?
— Не, надорам, тамом шуд, – ҷавоб дод кампир ва дар чеҳраи бачаҳо осори афсӯсу навмедиро ҳис намуда, маслиҳат дод:
— Лекин ин китобро дар шаҳр ёфтан мумкин. Дар сари роҳҳо, роҳҳои зеризаминӣ ва гузаргоҳҳо ҳам китоб мефурӯшанд. Беҳтараш назди академия равед, он ҷо бояд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё