Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Оринҷи ронанда дошта, ба қафои мошин кашид ва ба гӯшаш чизе гуфт. Ронанда саросема болои мошин баромад ва як халтаи калони картошкаро поён партофт. Нозири фарбеҳ назди нозири ҷавон омада, «рафиқ капитан, майлаш ин дафъа аз гуноҳаш мегузарем» гӯён ҳуҷҷатҳоро аз дасташ гирифта, ба ронанда дод ва роҳи сафеди бехатар талабида, хайру хуш намуд.


Бачаҳо ба бозор омада, ҳанғашон канд. Гӯё замин кафида, меваю сабзавот баромадааст. Ҷои поймонӣ набуд, харидорон ҳам бисёр. Қатори меваю сабзавотфурӯшҳо то роҳи калони назди дарвозаи бозор тӯл кашидааст. Ҳар се сатилҳояшонро дар сари роҳ монда, интизори харидорон шуданд. Кабир рафта, аз фурӯшандаҳои дигар нархи гелосу олую олучаро пурсида омад.

— Олуча як сомон, гелос дуюним, олу якуним сомон будааст, — гуфт Кабир, — мева бисёр, агар розӣ бошед, арзонтар фурӯхта барвақт меравем.

— Агар харидор ҳамаашро яклухт гирад, майлаш арзонтар мефурӯшем, — гуфт Ҳабиба. Замира ҳам розӣ шуд. Як маҳал ду милиса пайдо шуда омаданд, ки яке шоф барин бурут дошту дигаре бебурут. Милисаи бурутдор ҳам шуда, аз сатили Замира кафашро пур карда гелос гирифта, ба халтаи селлофӣ андохтан гирифт. Замира хомӯш меистод. Тоқати Ҳабиба тоқ шуду сатилро ба пешаш кашида:

— Амак, инсоф кунед, бас будагист охир, — гуфт. — Ними сатил холӣ шуд. Боқимондааш барои роҳқиро ҳам намерасад.

— Деҳқонӣ, харида наомадӣ-ку, — овозашро баланд кард милисаи бурутдор.

— Ба хона биёед, чӣ қадар хоҳед, бепул медиҳем, — гуфт ҳалимона Замира.

— Лекин олучаю гелосро аз шохи дарахт бо даст якта-якта чида, аз роҳи дур овардан кори осон нест, — ба гап ҳамроҳ шуд Кабир.

— Сатилҳоро бардоред, дар ин ҷо фурӯхтан мумкин нест, — дӯғ зад милисаи дигар, ки то ин дам хомӯш меистод.

пешина
аз 77
навбатӣ