Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Беаклӣ накун! Ҷонвари бегуноҳро чаро мезанӣ? Убол аст, — гуфт ва хорпуштакро ба рӯи бел гирифта, ба мобайни алафҳои лаби ҷӯйбор монд. Алафҳо хишир-хиширкунон ба ҷунбиш даромаданд. Бачаи шӯх ба лаби ҷӯйбор омада, алафҳоро кунҷковона тагурӯ карда дид, аммо аз хорпуштак ному нишоне набуд. Аз ногаҳон ғайб задани хорпуштак ҳайрон шуда, ба сурудхонӣ даромад:

Хорпуштаки ягона, Кай меоӣ ба хона?

Вай ин сурудашро такрор ба такрор мехонду кӯдакон завқ карда механдиданд.

Беҳрӯз овози модарашро шунида, хона даромад. Ба хона даромаду замини обчакориро пури об дид. Модараш каланд дар даст оби ҷӯйборро баста, поёноби чӯякҳоро сар медод. Об қитъаи дигари заминро пур карда, ғарами хиштҳо нам кашида буд.

— Беҳрӯзҷон, ҳама ҷоро об зер кардааст, — гуфт модараш, — обро кушодию кӯча баромада рафтӣ, аз паяш нашудӣ. Акнун отат ҷанг мекунад.

— Фаромӯш кардаам, — гуфт Беҳрӯз бо оҳанги афсӯс. Хайрият ки ҳеҷ воқеа рӯй надод. Падараш ӯро ҷанг накард. Ҳаво, ки хеле гарм буд, оби замин то бегоҳ бухор шуда, намии хиштҳо ҳам чандон ба назар нарасид. Баръакс падараш аз он, ки Беҳрӯз кори фармудаашро ба ҷо овардааст, қаноатманд шуд.

Амакҷон, инсоф кунед!

Офарин ба Ҳабиба! Имрӯз боз бо як фикри аҷоиб ҳамроҳи Кабир назди Замира омад.

— Ману Кабир маслиҳат кардем, ки гелосу олу ва олуча чида, ба бозор барем ва ба пулаш ҳамон китоби шифоро ёфта харем. Диламон ба Беҳрӯз месӯзад, то кай вай бо хотири парешон мегардад? Агар розӣ шавӣ, ҳамроҳи мо ту ҳам рав.

— Албатта меравам, — гуфт Замира, — лекин иҷозати очамро бояд гирам.

пешина
аз 77
навбатӣ