Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Замира ба модараш мақсадро баён кард. Холаи Салима не нагуфт, балки хурсанд шуд ва гуфт, ки як сатил не, тавонад ду сатил олую олучаю гелос чида ба бозор бурда фурӯшад, китоб харад ва боқимондаи пулро биёрад.

Ҳабибаю Замира ва Кабир ҳар кадом як сатилӣ мева чида, ба роҳи калон баромаданд ва автобусҳое, ки ба шаҳр мерафтанд, интизор шуда истоданд. Дар роҳ мошин бисёр буд, вале онҳо ба даст боло кардани одамон нигоҳ накарда наистода гузашта мерафтанд. Ниҳоят як автобуси кӯҳна дуртар аз онҳо қарор гирифту чанд чолу кампир поён фуромаданд. Ҳабибаю Замира ва Кабир сатилҳоро бардошта ба сӯи автобус тохтанд, вале он зуд дарҳои шалақашро шараққосзанон пӯшида ба роҳ даромад.

Баъди чанде мошини боркаши болояш кушода омада дар назди онҳо истод. Ронанда - ҷавонмарди мӯйсартарошидаи тоқипӯш сарашро аз кабина бароварда, пурсид:
– Бозор меравед?
– Ҳа, ака! – баробар гуфтанд онҳо.
– Аз ҳар кас панҷоҳ дирамӣ.

«Майлаш» гӯён Кабиру Ҳабиба ва Замира зуд сатилҳояшонро бардошта болои мошин баромаданд. Ними бордони мошинро халтаҳои пиёзу картошка ва сабзӣ банд карда буд. Онҳо сатилҳоро ба як кунҷ гузошта паҳлӯи ҳам нишастанд.
– Хайрият мошин шуд, – гуфт хурсандона Кабир, набошад ба умеди автобус шуда то бегоҳ дар роҳ мемондем.
– Боз барои он нағз шуд, ки мошин рост ба бозор мебарад, – гуфт Ҳабиба, – агар автобус мебуд, то даромади шаҳр мебурду мефурровард. Сонӣ боз ба автобуси шаҳр шиштан лозим меомад.

Ҳамин тавр чак-чаккунон онҳо ба шаҳр расидани худро нафаҳмида монданд. Дар даромадгоҳи шаҳр мошин дакка хӯрда якбора истод. Ҳабиба аз ҷои нишасташ хеста оҳиста ба поён нигаристу ду нафар нозирони роҳро дид, ки бо шаст қадамзанон назди ронанда омаданд. Яке марди миёнсоли қадпасти фарбеҳ ва дигаре ҷавони қоматбаланди лоғаре буд, ки дар даст автомат дошт ва линоси васеи милисагӣ ҷуссаи ӯро ба назар боз ҳам харобтар нишон медод. Ҳабиба тарси-

пешина
аз 77
навбатӣ