Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

поёни ҳавлӣ, ки дар он пиёзу кашнич кошта, кӯчати помидору қаламфури булғорӣ шинонда буданд, ишора карда, ба Беҳрӯз гуфт:

– Мебинӣ, аз камобӣ пажмурда шудаанд. Ба ту супориш ҳамин, ки пагоҳ об мон. Лекин назорат кун, ки аз чӯйбор оби калон омада, чӯякҳоро зер накунад.

Рӯзи дигар баъди ба бозор рафтани падараш Беҳрӯз аз паи иҷрои супориш шуд. Каландро гирифта, аз чӯйбори кӯча обро кушода омад ва ба чӯякҳои замини обчакорӣ равона намуд. Азбаски ҳамсояшон маърака дошт, модараш ҳамроҳи апааш барои дар пухтупаз ёрӣ расондан ба хонаи ӯ рафтанд.

Беҳрӯз болои марзаи замин нишаста, ҷоришавии обро тамошо мекард. Баробари наздик омадани об аз сӯрохиҳои замини чӯякҳо мӯрчаю ғамбускҳо баромада, ба ҳар сӯ мегурехтанд. Алафҳои курмаки зичрӯидаи лаби чӯйбор, ки гӯё шамоли сахте хеста, онҳоро монандӣ мавҷҳои баҳр алвонҷ медода бошад, ба ҷунбиш даромаданду аз байнашон хорпуштаки майдаяке баромад. Беҳрӯз ҳам шуда, аз пои хорпуштак дошта ба даст гирифтаӣ буд, ки вай дар як миҷҷа задан пою сарашро ғундошта пинҳон кард ва ба тӯби лӯнда табдил ёфту хорҳояш сиҳ шуданд. «Дар ҳавлии онҳо хорпуштак небуд, аз куҷо пайдо шудааст? Мумкин оби чӯйбор аз кӯча оварда бошад?» Беҳрӯз хост хорпуштакро ба рӯи кафи даст гирад, аммо ҳамин ки даст расонд, хорҳояш ба ангутонаш халида, ба сӯзиш даровард. Вай белро ёфта омада, хорпуштакро ба рӯи он гирифта, бо шитоб кӯча баромад ва ба замин монд. Дар як дам кӯдакон ҷамъ шуда, гирдашро печонда гирифта, доду фарёд бардоштанд. Ҳар кас хорҳои хорпуштакро титу парешон намуда, сару пойҳои онро кофта диданӣ мешуд, вале наметавонист. Як бачаи панҷ – шашсола, ки мӯйсари фаҳҳак дошт ва бисёр шӯхменамуд, чӯбро гирифта, хорпуштакро чаппаю роста кард. Хорпуштак аввал мисли тӯб ғелид, баъд ногаҳон пойҳояшро бароварда гурехтанӣ шуд. Кӯдакон бо шӯру мағал аз пасаш давиданд. Бачаи шӯх хорпуштакро бо чӯб заданӣ буд, ки Беҳрӯз чӯбро аз дасти ӯ кашида гирифту як сӯ ҳаво дода:

пешина
аз 77
навбатӣ