Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ягон чизи онро касе нагирад. Оянда ин ҷо осорхона мешудааст.

— Китобро тамоман намебарам, — гуфтам ман, — боз бармегардонам.

— Илтимос, хафа нашав, наметавонам, мумкин нест. Агар ин китоб бисёр зарур бошад, аз мағозаи китобҳо ё бозорҳои шаҳр ёфтан мумкин, — гуфт Адҳамҷон.

Замира нақли дугонааш Ҳабибаро шунида:

— Дар бораи ин китоб ман ҳам шунида будам, — гуфт. — Давои ҳазору як дард будааст.

Ҳар ду хаёл карда монданд.


Так-таки дарро шунида, Замира берун баромад ва Ҳабибаро дид:

— Ҳа, даро, чаро истодаӣ?

— Не, — гуфт Ҳабиба, — ба худат як гап дорам. Ба сарам як фикр омад. Китобхонаи деҳа китоби бисёр дошт. Дар он ҷо шояд ҳамон китоби шифо бошад. Агар хоҳӣ, ба китобхона меравем.

— Майлаш, — розӣ шуд Замира, — аз очам пурсам, баъд меравем.

Ҳабибаю Замира ба сӯи китобхона раҳсипор шуданд. Роҳ чандон дур набуд. Баъди каме қадам задан онҳо ба кӯчаи калони маркази деҳа расиданд, ки қад-қади он биноҳои пасти девораш сафеди чойхонаю мағоза, беморхона, идораи ҷамоа ва китобхона саф кашида буданд. Ба чойхонаю мағоза як кас — ду кас бародарӯ доштанд. Дар назди мағоза як гурӯҳ бачаҳо футболбозӣ мекарданд. Дари китобхона қулф буд. Ҳамин вақт зани миёнсоле, ки дар даст сатилу ҷорӯби дароз дошт, пайдо шуда омад.

— Хола, китобхона кай кушода мешавад? — пурсид Замира.

Занак ба духтаруҳо бо ҳайрат нигариста, зуд ҷавоб надод ва сатилу ҷорӯбро ба айвончаи идораи ҷамоа гузошта сипас гуфт:

— Китобхона кай кушода буд, ки акнун кушода бошад. Вай дигар чизе нагуфта, ба рӯбучин машғул шуд.

пешина
аз 77
навбатӣ