Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
— Пештар ҳар рӯз кор мекард, дараш ҳамеша кушода буд, — гуфт Ҳабиба.
— Пештар ҳама кор мекарданд, ҳозир не. Китобдор аз баҳри кораш баромада рафт. Ба панҷ сомонӣ кӣ кор мекунад? Ғайр аз ин ҳозир ҳеҷ кас китоб намехонад, ҳама дар бозор, аз паи зиндагӣ. Ман, ки илоҷи дигар надорам, барои ду сомонӣ шуда, бо ҷорӯбу сатил кор мекунам. Ҳамин як пули сиёҳро ҳам дар вақташ гирифта наметавонам. Тавба, ҳамин ҳам зиндагӣ шуд?
Ҳабибаю Замира ноумед шуда, хона баргаштанӣ буданд, ки аз болои боми идораи ҷамоа ба пеши пояшон аввал як порча кулӯх афтид, баъд сангмайдаҳо рехтанд. Ҳар ду бо ҳайрат ба бом ва гирду атроф назар карданд, вале касеро надиданд.
Занаки фаррош ҷорӯбашро ба як сӯ ҳаво дода, ба сари кӯча омад ва ба болои бом чашм давонд. Садои қиқиросзанон хандидани бача баланд шуд.
— Шариф, ин туӣ? Дар болои бом чӣ кор мекунӣ? Аз ҳамон ҷо афтӣ, поят нашикаста намемонад, зуд поин фуро! — гуфт занак ва ғур-ғуркунон ҷорӯбро ба даст гирифта, ба духтарҳо нигарист:
— Худо ба ман як писаре не, балки балои азим дод, аз ҳад зиёд шӯху беодоб. Бачаҳои ҳамсояро озор медиҳад, калонсолҳоро ҳақорат мекунад, гапи маро намегирад. Намедонам чӣ кор кунам. Ҳаштсола шудаасту ҳарфҳоро намедонад, хондаю навишта наметавонад. Се бор ба синфи якум бурда мондам, аз дарс гурехта омад. На мактаб мехонад, на ба кори хона ёрӣ мерасонад. Аз афташ то калон карда ба қатори мардум медарорам, ки ба як ҷо мерасам. Аз дасти ин бача ҷигарам хун шуда рехт, обу адо шудам.
— Оташ гап намезанад? — ба ҳоли занак раҳмаш омада гуфт Ҳабиба.
— Оташ дар гӯр! — гуфт занак бо дарду алам, — се сол пеш барои кор ба Россия рафту бо ҳамин гумном шуд. На зинда буданаш маълум, на мурда буданаш.
Дар чашмони занак ашк ҳалқа зада, ба рӯяш шорид. Вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё