Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
бурда чаронад, вале падараш розӣ нашуд ва чорворо ба подабони деҳа супорида, ба Беҳрӯз гуфт, ки беҳтараш ба корҳои хона машғулшаваду ба модараш ёрӣ расонад.
– Писарам, Беҳрӯзҷон, – гуфт падараш, – замбарғалтакро соз кун, тахтаи бордонаш шикастагӣ. Хиштҳоро кашонда, ба паҳлӯи молхона ҷамъ карда мон. Шавад як анборхонаи нав месозем.
Беҳрӯз падарашро гуселонда сахт ба кор часпид. Тахтаю арра, меху болғачаро ёфта омада, ба кор сар кардани буд, ки Ҳабибаю Кабир омаданд. Кабир ба Беҳрӯз ёрӣ расониданӣ шуд. Ҳабиба Замираро чеғ зада, дуртар бурда гуфт:
– Дина ман барои хабаргирӣ ба шаҳр хонаи амакам рафтам. Агар дар хотират бошад, амакам табиб буданд ва порсол аз дунё гузаштанд. Он кас як дорухона доштанд, ки дар он ҷо аз ҳар хел алафу гиёҳҳои шифобахш дору тайёр мекарданд. Ману бачаи амакам Адҳамҷон дорухонаро тамошо карда, дар ҳайрат мондем. Худи осорхона барин. Болои мизу даруни токҷаҳо пури алафу гиёҳҳо, буттаю меваҳои ёбӣ буд. Дар як гӯша китобҳои бисёре мехобиданд. Ман дар бораи фаромӯшхотири Беҳрӯз ба Адҳамҷон нақл кардам. Вай як китоби ғафси муқовааш қаҳварангро ба ман нишон дода гуфт, ки дар ҳамин китоб ҳамаи давои бемориҳо, тарзи тайёрӣ ва истеъмол намудани доруҳо навишта шудагӣ. Номи китоб «Канзи шифо», онро олим ва табиби машҳури халқӣ навишта будааст.
– Ҳамин китобро ба ман намедиҳӣ? – пурсидам ман.
– Инро ту чӣ кор мекунӣ? Табиб нестӣ-ку, – гуфт Адҳамҷон.
– Ба модари Беҳрӯз мебарам. Аз рӯи он дору тайёр карда, ба Беҳрӯз медиҳад, шояд вай аз бемории фаромӯшхотирӣ шифо ёбад.
– Дода наметавонам, – гуфт бо қатъият Адҳамҷон.
– Амакам-ку аз он дунё дигар баргашта намеоянд. Ту табиб ҳам бошӣ, китобро чӣ кор мекунӣ?
– Аз Вазорати тандурустӣ омада, ҳамаи чизу чораи дорухонаи падарамро ба дафтар навишта рафтанд ва гуфтанд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё