Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа
ба роҳ баромаданӣ мешавад, ки яке аз посбонони хазинааш шитобон омада мегӯяд:
— Подшоҳи олам, имрӯз сафар накунед. Ман имшаб хоб дидам, ки тӯфони сахте хеста киштиҳоро ғарк мекунад. Подшоҳ ин гапро шунида, як рӯз дертар сафар кардани мешаваду ба одамонаш мефармояд, ки рафта фаҳмида оянд, ки дар баҳр тӯфон мешавад ё не.
Надимон хабар меоранд, ки дар баҳр тӯфони сахте ба амал омадааст.
Баъд аз ин подшоҳ ба посбон тӯҳфаҳои қимматбаҳо медиҳаду аммо ҳамон замон аз посбонӣ пеш мекунад.
— Барои чӣ подшоҳ ин тавр кард?
— Ман намедонам, — гуфт лӯхтак.
— Рости гап, ман ҳам намедонам, — гуфт писари подабон.
— Ман медонам, — гуфт Фариштамоҳ, — подшоҳ ба посбон барои он тӯҳфаҳои қимматбаҳо дод, ки гапи ӯро гирифта, аз ҳалокат халос шуд. Аммо ӯ барои он посбонро пеш кард, ки шабона дар вақти посбонӣ хоб кардаасту боз хоб ҳам дидааст.
Лӯхтаку писари подабон ин дафъа ҳам ба Фариштамоҳ аҳсан гуфтанд.
— Эй дӯсти азиз, — гуфт писари подабон лӯхтакро ба таги рӯймол гирифта, — то ин дам Фариштамоҳи нозанинро маҷбур кардем, ки дар бораи нақлҳои баҳсталаб фикр кунад. Вай аз фикркунӣ ҳам монда шудагист. Акнун ягон ҳикояе гӯй, ки ӯ хандаду роҳат кунад.
— Хуб шудааст, — гуфта лӯхтак аз таги рӯмол берун шуд. Фариштамоҳ бо қираи чашм ба ӯ назар афканда беихтиёр табассум кард:
лӯхтак қиёфаи хандаовари кали масхарабозро ба худ гирифта буд.
— Хуб шудааст, — такрор кард лӯхтак. — Ман як модари камбағал доштам. Мо чунон камбағал будем, ки шикамамон ҳамеша аз гуруснагӣ чун абри навбаҳор қалдар-қулдур мекард, аз пою баданамон мадор аспсавор гурехта рафта буд. Як рӯз тоқати модарам чун офтоби ҷаҳонтоб ток шуда, дасти бегӯшташро ба китфи кӯҳ барин пуркуввати ман монду гуфт:
— Ту то кай аз бекорӣ сари бемӯятро хорида мегардӣ, рав ба ягон бой хизмат карда, ғами шикамамонро хӯр!
Ман ҳам нею нестон накарда, ба ҳавлии як бой рафтаму хизматгор шудам. Бой як рама гӯсфанд дода фармуд, ки ба саҳро бурда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё