Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Чаронам. Вай як хару як халтаю як банди дароз дода гуфт:
— Бегоҳӣ, як хар ҳезуму як халта алафи нағз ҳам гирифта биёр. Рамаро ба саҳро ронда бинам, дар гирду атроф касе нест.
“Як аз хоб сер шуда гирам” гуфтаму дар таги як дарахт баҳузур хоб кардам. Ҳафт шабу ҳафт рӯз ба хоби роҳат рафта, баъд хеста дидам, ки ҳар як гӯсфанд ду баробарӣ калону фарбеҳ шудааст.
Фариштамоҳ ин гапҳоро шунида, ба рӯи хандаовари лӯхтак назаре афканду завқ бурд.
— Ман ин ҳодисаро дидаму ба хоби ширин таъзим карда гуфтам: “Эй хоби роҳатбахш, ба ту бисёрҳо раҳмат. Ма, ба ивази ин некиат ин ҳарро гирифта савор шуда гард”.
Ҳамон замон хари думкалтаро хоб бурд.
Ин суханон боз як бор дар чеҳраи диловези Фариштамоҳ табассуми пуршавкро ба ҷавлон андохт.
— Баъд, — нақлашро давом медод лӯхтак, — рамаро ронда, ба хонаи бой равон шудам. Рафта истода будам, ки як гала ғамбӯсаки саргингелонро дида мондам. Ғамбӯсакҳои бечора зӯр зада, шип-шилта арақ карда, якчанд саргинро гелонда мебурданд. Ба ҳоли бечораҳо раҳмам омаду бандро аз халта бароварда, ба пешашон партофтам.
— Ой нодонҳо, мана ин бандро гирифта, борҳоятонро бандеду пуштора карда баред, коратон осон мешавад!, — гуфтам ба онҳо.
Ин хел гуфтаҳои соддалавҳонаи “лӯхтак”-ро шунида Фариштамоҳ бо шавқ хандид.
— Бо ғамбӯсакҳо хайрухуш карда, аз нав рафтан гирифтам. Боз хеле роҳ гашта, дар лаби як ҷӯи об дам гирифта нишаста бинам, як мушаки хокистарранг аз даруни хонааш бо сару фӯқаш хок бароварда партофта истодааст. “Оҳ, мушаки бечора, — фикр кардам ман, — агар ягонто халта медошт, ин хел азоб намекашид”.
“Ана ин халтаи маро гирифта, хоки хонаатро андозу бароварда партофтан гир!” гуфтаму халтаро ба муш додам.
Баъд аз ҷоям хеста, рамаро ронда ба ҳавлии бой омадам. Бои олус чашмонашро даҳони шоҳкоса барин карда, гӯсфандҳои шутур барин калону фарбеҳро надиду хару ҳезуму алафро пурсид.
— Харро хоб бурд, бандро ба ғамбӯсакҳо додам, халтаро ба мушак бахшидам, — гуфтам ба вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё